Қавомии Розӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қавомии Розӣ
Таърихи таваллуд 1097
Таърихи даргузашт 1165(1165)

Қавомии Розӣ аз ҷумлаи шоирони асри XII дар Ироқ ба сар бурдааст. Соли вафоти шоирро 560 ҳиҷри (1164) милодӣ тахмин кардаанд. Аз Қавомии Розӣ қасида ва марсияҳое боқӣ мондааст.

Қавомии Розӣ (тав. тақрибан 1097, Рай - вафот. тақрибан 1165) шоири форс-тоҷик. Аз доираи ҳунармандони (нонвой) будааст. Аз ӯ девони ашъор (тақрибан 3360 байт) боқӣ мондааст, ки дар он қасоиду ғазалиёт ва тарҷеъбандҳои шоир фароҳам омадаанд. Мавзӯи ашъори Қавомии Розӣ васфи ҳунару ҳунармандон, ситоиши ахлоқи ҳамида, қадру манзалати қаноату хоксорӣ мебошад. Ӯ худро "подшощи мулки қаноат" номида, тахти зару афсари гавҳарнисорро дар қаноат дида, дӯконашро аз анвои мулку боргаҳи шаҳриёт беҳтар ва номи гандумро аз ҳалвои тару шаҳду шакар хушгувортар донистааст. Дар аксар қасидаҳояш ба мавзӯи панду насиҳат даст задааст, ки ин гувоҳи қаробати ӯ ба мардуми меҳнатӣ, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинии онон аст. Ғазалиёти Қавомии Розӣ дар пешбурд ва равнақи адабиёти доираҳои ҳунармандӣ хидмати сазоворе кардааст. Девони Қавомии Розӣ соли 1956 дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Қасоид[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • С. Имронов, Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷилди 3, Душанбе