Қавсии Бухороӣ
Зоҳир
Қавсӣ (форсӣ: قوسی; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Бухоро. Номи аслияш маълум нест, Қавсӣ тахаллуси шоирии ӯст. Бино бар маълумоти «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисорӣ, шахси хушсуҳбату маҷлисоро будааст. Бо мутоибаҳои намакин диққати ҳамсуҳбатони худро ҷалб ва зоҳидони риёкорро мазаммат мекардааст.
Байти зер аз ӯст:
Зоҳид наниҳад як қадам аз савмаа берун,
Бар хеш ҷаҳонро чӣ бало танг гирифтаст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қавсӣ / У. Назир // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
- Қавсӣ / У. Назиров // Равзана — Ҷӯраев. — Д. : СИЭМТ, 2004. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 1988—2004, ҷ. 3). — ISBN 5-89870-5.