Jump to content

Қайдии Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қайдии Шерозӣ

Қайдии Шерозӣ (форсӣ: قیدی شیرازی‎; ? — 1582, Фотеҳпурӣ) — шоири форс-тоҷик ва аз намояндагони мактаби вуқӯъ[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дарбори Исмоили II сафавӣ (ҳукмр. 1576—1578) хидмат мекард. Ба ҳаҷ рафт ва аз он ҷо ба Ҳиндустон баргашта, мулозими Акбар шуд. Аз амрҳои Акбар ва нороҳатии мардум шиква мекард, барои ин вайро аз дарбор дур карданд. Дар тазкираҳо шоири пурмаҳсули ғазалсаро тавсиф шудааст. Аз осораш ғазалҳо ва абьёти пароканда боқист.

Байтҳои зер аз ӯст:

Эй қадам нанҳода ҳаргиз аз дили тангам бурун,
Ҳйрате дорам, ки чун дар ҳар диле но кардаӣ.

Кадом марҳами лутф аз ту дар дил аст маро,
Ки нонгудозтар аз доғҳои дасрат нест.

  1. قیدی شیرازی. rasekhoon.net. 13 май 2024 санҷида шуд.
  • Қайдии Шерозӣ / А. Алимардонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).