Jump to content

Қайроқбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қайроқбозӣ - рақси мардона мебошад.

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иҷрокунанда дар ҳар дасташ ду қайроқ (сангҳои сабуки ҳамвору борики дароз) дошта, онҳоро бо зарби мусиқӣ ё доира баробар садо мебарорад. Дар ин рақс се суруд: «Ҳоли орази рухсор», «Ёр, дилбарам шумоед», «Шӯҳи дилором» иҷро мешавад. Дар ин рақс иҷрокунанда ҳаракатҳои гуногуни рақси тоҷикӣ: чархзанӣ, «чархи дурӯя», «ҷилваи якрӯя», «шох» ва ғайраро истифода мебарад.[1][2]

Маҳалли густариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳринав, Турсунзода

Вазъи имрӯзаи унсур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нимфаъол[3] [4]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармухаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. - Душанбе:«Адиб», 2015, с.13
  4. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)