Баҳористон (деҳа, н. Файзобод)
Зоҳир
(Тағйири масир аз Қалошӣ)
Қалошӣ (Баҳористон) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 25 км. Аҳолиаш 152 нафар (2010), тоҷикон. Аз 22 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби ибтидоӣ, 2 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳои корам лалмӣ буда, заминҳои наздиҳавлигӣ қисман аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.