Чорводорӣ
Чорводорӣ— қисми таркибии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған, тухм ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қарокӯлӣ ва ғайра таъмин менамояд. Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барнома оид ба рушди ин соҳа қабул кард, ки ҳоло амалӣ мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти хоҷагии кишоварзӣ аз раванди ғайридавлатӣ гардонидани моликият ва гузаштан ба сохтори иқтисоди бозоргонӣ шурӯъ гардид. Муассисаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ, ки дар замони Шўравӣ вобаста ба хоҷагиҳои коллективӣ ва давлатӣ (яъне колхозу савхозҳо) ташаккул ёфтанд, ба иқтисодиёти замони бозорӣ ҷавобгӯ набуданд. Бинобар ҳамин ҳам бо оғози гузариш ба иқтисоди бозорӣ зарурияти ислоҳоти муассисаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ ба миён омад. 25 июни соли 1996 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон «Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» ба имзо расид. Дар қисми алоҳидаи фармони номбурда супориш дода мешуд, ки «ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар шаклҳои ташкилие, ки ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ мувофиқ мебошанд, табдил дода шаванд». Барои амалӣ намудани талаботҳои ин фармон Комиссияи давлатӣ оиди ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ бунёд гардид, инчунин низомнома оиди амалии ин ислоҳот қабул карда шуд. Дар Низомномаи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки 25 июни соли 1996 қабул гардид, ба он 15 апрели соли 2003 ва 1 апрели соли 2004 тағйиротҳо ворид карда шуд, роҳҳои ислоҳот таъкид гардидааст.[1]
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002 талаб карда мешуд, ки то 31 декабри соли 2005 давра ба давра таҷдиди сохтори 225 ташкилоту корхонаҳои кишоварзиро бояд таъмин карда, мувофиқи тартиботи муқарраршуда, ба ҷои онҳо хоҷагиҳои ғайридавлатӣ, аз он ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ё худ дигар шаклҳои хоҷагидориро, мувофиқи нақшаи пешниҳод гардида ташкил намоянд. Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ баъди фармони 25 июни соли 1996 колхозу савхозҳо, ки хоси ҷамъияти сотсиалистӣ буданд, давра ба давра барҳам дода шуданд. Соли 2008 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 адад колхоз ва 7 адад совхоз монда, аз соли 2007 боз межхозҳо вуҷуд надоранд.[2]
Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» хеле дер, 10 майи соли 2003 қабул гардид. Миқдори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бошад дар мамлакат сол аз сол меафзуд. Чунончӣ, агар соли 2004 шумораи умумии онҳо 19416 ададро ташкил намоянд, пас соли 2006 ба 24901, соли 2008 ба 30802 ва соли 2010 ба 32 ҳазор адад расид.
Давраи Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба соҳаи чорводорӣ зарари калон овард. Масалан, агар саршумори гӯсфанд соли 1990 – 2461,8 ҳазор сарро ташкил намояд, пас он соли 2000 – ум то 1472,2 ҳазор сар кам шуд. Яъне, саршумори гӯсфанд дар муддати 10 сол зиёда аз 1 млн сар кам шудааст. Бо мушкилиҳои зиёд, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) саршумори чорводориро барқарор карда буданд.
Соли 2008 дар муассисаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ шумораи чорвои калон - 1.799,5 ҳазор сар, гўсфанд - 1.568,1 ҳазор сар ва соли 2009 бошад саршумори чорвои калон ба 1830 ҳазор сар, гӯсфанд ба 2617,3 ҳазор сар расид. Яъне, ҳар се соҳаи асосии чорводорӣ ба дараҷаи соли 1990 расида, аз он ҳам гузашт.[3]
Вазъи муосири соҳаи чорводорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2605,6 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 1347,1 ҳазор сар, қутос 29,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 6610,1 ҳазор сар, асп 87 ҳазор сар, занбӯри асал 265,8 ҳазор оила ва 10900,9 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 113,3 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, аз он модагов 578 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, қутос 778 сар ё 2,7 фоиз, гӯсфанду буз 333,4 ҳазор сар ё 5,3 фоиз, асп 1,9 ҳазор сар ё 2,3 фоиз ва занбури асал 14,8 ҳазор оила ё 5,9 фоиз ва саршумори паранда 963,9 ҳазор сар ё 9,7 фоиз зиёд гардидааст.
Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 175,8 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 51,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 1555,9 ҳазор сар, асп 23 ҳазор сар, занбӯри асал 26,2 ҳазор оила ва 7299,4 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, саршумори чорвои калон 2,7 ҳазор сар, аз он модагов 2,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 46,1 ҳазор сар, асп 595 сар, занбӯри асал 1058 оила ва саршумори паранда 810,3 ҳазор сар зиёд гардидааст.[4]
Чарогоҳҳои Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон 3 млн 166 ҳазор га чарогоҳ ҳаст. Моли майда 90%, гову асп 60%-и хӯрокашро аз чарогоҳҳои табиӣ ва алафзор мегирад. Чарогоҳҳои чумҳурӣ вобаста ба мавсими истифода ба зимистонӣ (се фасли сол — тирамоҳу зимистон ва баҳор истифода мешаванд), тобистонӣ, инчунин муваққатӣ ҷудо мекунанд. Чарогоҳҳои зимистонӣ дар водиҳо, ҳамвориҳои доманаи кӯҳҳо, адирҳои пасти ҷануб ва шимоли Тоҷикистон (360 —2200 м аз с. б.) ҷойгиранд. Масоҳати умумиашон 1,5 млн га. Дар чарогоҳҳои ҷаннуби Тоҷикистон дар давоми сол андаряк 146—300 мм боришот мешавад. Набототаш аз эфемеру эфемероидҳо — ҷорӯбак, ғеша, бузгандум, бомас, говришқа, нахӯдак ва ғайр иборат аст. Аз ҳар га-и чунин чарогоҳ андаряк 3—5 ц хошок ғундоштан мумкин. Чарогоҳҳои зимистонии шимоли Тоҷикистон дар баландии 323—1004 м аз с. б. ҷойгиранд. Дар ин минтақа боришоти солона 104—300 мм аст. Набототаш аз эфемеру эфемероидҳо (асосан аз шибоғ, шӯрагиёҳи яксола ва ғайра) иборат аст. Аз ҳар га андаряк 2,5—4,5 ц хошок гирифтан мумкин.
Чарогоҳҳои тобистонии баландкӯҳи Тоҷикистон дар минтақаи субалпӣ ва алпӣ (баландтар аз 2500 м) ҷойгир буда, дашту марғзори баландкқҳро дар бар мегиранд. Боришоти солонаашон 700—830 мм. Дар марғзори субалпӣ бештар думи рӯбоҳ, ҷорӯбак, бомас, ҷавгиёҳ, peгнерния, говришқа, якчанд навъи нахӯдак ва ғайра мерӯянд. Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 26.01.2023, №12 ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 475694 сар гӯсола ва 2358037 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 9051 сар ё 1,9 фоиз ва барраву бузғола 122096 сар ё 5,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 26311 сар гӯсола ва 394458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 1732 сар ва барраву бузғола 30123 сар зиёд мебошад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 437238 тонна хӯроки чорво (бо воҳиди хурока) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15525 тонна ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.
Бардоштани сатҳи некуаҳволӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва бо ин васила таъмини устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, №51 тасдиқ гардидааст дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.
Бо мақсади беҳтар намудани зоти чорво дар ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ мавҷуд мебошад. Аз ин миқдор 7 адад ба ВМКБ, 100 адад вилояти Суғд, 119 адад вилояти Хатлон ва 71 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ рост меояд.
Мутобиқи маълумоти Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ ба ҳолати 01.07.2023 тавассути ин нуқтаҳо 21826 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, 17301 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 966 сар ва 1386 сар зиёд мебошад.[5]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
- ↑ Чорводорӣ(тоҷ.). moa.tj (2023). 23 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Чорводорӣ(тоҷ.). moa.tj (2023). 23 май 2024 санҷида шуд.