Зумрадшоҳ
Зумрадшоҳ, Қалъаи Боло — ёдгории бостонӣ, харобаҳои кӯшки ҳокимнишин, ки 4 км ҷанубтар аз Исфара, дар соҳили рости рӯди Исфара ҷойгир аст.
Ҳафриёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори аввал тавассути экспедитсияи Б. А. Латинин таҳқиқ шуда (1934), аз ҷониби бостоншиносон Е. А. Давидович ва Б. А. Литвинский сабт (1951) ва ҳафр гардид (1952). Тибқи ривоятҳои мардумӣ бинои кӯшк ба ҳокими Исфара Зумратшоҳ нисбат дода мешавад. Кӯшки Зумрадшоҳ (баландиаш 11-12 м, масоҳаташ 16х65 м) дар болои таҳкурсии баланд аз похса, хишти хом (52х26х10 см) ва чӯб бунёд шуда, бинои он дуқабата буд; дар қабати поин хонаҳои равоқпӯш ва дар қабати боло хонаҳои иқоматӣ ҷой доштанд. Ҳафриёти ёдгорӣ нишон дод, ки Зумрадшоҳ дар болои як бинои охири аҳди ҳукумати Кушониён бунёд шудааст. Биноҳои қабати дуввум бо чӯбу хок пӯшонида шуда буданд. Зумрадшоҳ то асри 19 се бор таъмиру бозсозӣ шуда буд: давраи аввал — асрҳои 6-8, давраи дуввум — асрҳои 9-12 ва давраи севвум — асри 14. Зумрадшоҳ қароргоҳи ҳокимони Исфара буд. Зумрадшоҳ дар натиҷаи муқобилияти Бойбутабий (собиқ ҳокими Исфара) бар зидди ҳокими дастнишондаи хони Хӯқанд Олимхон — Маъсумхон-ҳоҷӣ (1810) қисман хароб шуд. Кӯшк солҳои 70 асри 20 дар натиҷаи соҳилро рахна кардани дарё ва хоки атрофи онро кашондани аҳолӣ пурра хароб гардид. Аз чоҳи хонаи № 1 осорҳои бостонии аҳди Сомониён, аз ҷумла, чироғҳои сирдор, коса, кӯза, суроҳии шишагӣ, лаълии сирдори даруну берунаш мунаққаш (дар қисми поинии дохилаш шери болдори шамшербадаст тасвир шудааст), аз чоҳи хонаи № 2 сиккаҳои ғитрифӣ, мусайябӣ, муҳаммадӣ ва сафолпораҳо, аз чоҳи хонаи № 4 ду табақи гилини нақшини сирдор, ду чироғ, кӯзаи мунаққаши қолабӣ, қадаҳу суроҳиҳои шишагӣ, ду ҳован бо ҳовандасти биринҷӣ ва ғ. пайдо шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зумрадшоҳ / Ю. Яъқубов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Давидович Е. А., Литвинский Б. А. Археологический очерк Исфаринского района. Сталинабад, 1955.