Қалъаи Кофарниҳон
Ёдмон | |
Қалъаи Кофарниҳон — димнаи мансуби давраи Кӯшониён, ки дар деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон воқеъ аст.
Ҳафриёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Қалъаи Кофарниҳон соли 1973 тадқиқ гардидааст. Димна аз куҳандизи панҷгуша (55х30 м) ва бошишгоҳ иборат аст. Қалъаи Кофарниҳон ду муҷтамаъро дар бар мегирад, ки яке ба садаҳои 4—6, дигаре ба садаҳои 6—8 мутааллиқанд.
Аз Қалъаи Кофарниҳон чанд бино кашф шуд, ки аз хонаҳои иқоматӣ ва хоҷагӣ иборатанд. Ҳар бино аз як то панҷ хонаро дар бар мегирад. Тақринбан дар маркази бошишгоҳ маъбади буддоӣ кушода шуд, ки аз ибодатгоҳи марказӣ, давлӣ, биноҳои хоҷагӣ ва иқоматгоҳҳо иборат будааст. Ибодатгоҳ долон-роҳрав дорад. Дар яке аз деворҳои долон мусавварае боқӣ мондааст, ки лаҳзаи ба Буддо туҳфа пешкаш намудани ду зани ашрофро инъикос менамояд. Аз ибодатгоҳ пораҳои ҳайкалчаҳои гилии буддо ва олиҳаҳои буддоӣ ёфт шуданд. Девори муҳофизатӣ ва яке аз бурҷҳои Қалъаи Кофарниҳон низ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳафриёт инчунин ба миқдори зиёд сафол, асбобу анҷоми гуногун ба даст омаданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қалъаи Кофарниҳон / В. С. Соловьев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).