Jump to content

Қалъаи Ғозималик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қалъаи Ғозималик дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон воқеъ аст.

Қалъа аз асри XVIII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст.[1]

Қалъаи Ғозималик дар баландии қаторкуҳи Ғозималик аз тарафи шимол ба шимолу ғарбии деҳаи Куҳичим чанд қалъа бо номи қалъаи Гусар, қалъаи Ғозималик (Чилтан), қалъаи Дустак ҷойгир шудаанд. Деҳаи Кучим 9 километр дуртар аз тарафи шимолу ғарбии Обикиик воқеъ гаштааст. Қалъаи Ғозималик аз рӯи масоҳаташ аз ҳама калон мебошад. Он аз тарафи шимолии қаторкуҳи Ғозималик дар баландии 1700-1800 метр ҷойгир мебошад. Сатҳи болои қалъа майдонча, ки якумаш 20х20 метр ва сатҳи шимолиаш 2 метр баландтар буда, масоҳаташ 15х15 метрро ташкил менамояд. Аз тарафи шимолии он зиёда аз 2,5 метр пасттар аз сатҳи баландаш ба андозаи бештар аз 30 метр ҳамвории байзашакли баромада, ки бараш 6 метр тӯл кашидааст. Тарафи ҷанубӣ-шарқӣ бошад, ба андозаи 1,5 - 2,5 метр пасттар буда, дар он низ баландии байзашакл ба назар мерасад, якумаш зиёда аз 3,00х5,00 метр ва дуюмаш бошад, 20х10 метр буда, аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Дар самти болои қалъа шакли сохтмон ба назар мерасад. Аз тарафи ҷанубӣ 10 метр пасттар аз сатҳи болои қалъа ба тарафи ҷангал ғори бо номи Чилтан ҷой гирифтааст. Он ба ғайр аз айвон (2,40х1,50 метр) миёнасаро (3,40х2,40) аз тарафи шимол миёнасарои як хона (1,40х11,00метр), долон аз тарафи ғарб аз миёнаайвон (1,40х9,40) ва ду хонача иборат мебошад. Дар охири долон хонаи росткунҷа (1,40х5,00 метр) аз ҷануб ба шимол ҷойгир шудааст. Баландӣ аз хонаи шимол то айвони ғарбӣ ҷойгирбуда 2,5 метр, аз фарш то боло 1,45 метр аст. Қисми ғарбӣ, ҷанубӣ ва шимолии қалъа баландии байзашакл буда, аз зерасос 80 метр мебошад. Дар қисми ғарбӣ ва шимолу ғарбии он работ (корвонсарой) ҷойгир буда, аз самти шарқ нишебии 300 метр ба ғарб мазор ҷойгир шудааст. Дар байни қалъа ва самти рост ҳамвории васеъ домон паҳн намудааст, ки мумкин аст ҷои ҷамъшавии бошандагони қалъа будааст.[1]