Jump to content

Қалъа рафтан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қалъа рафтани шоҳу рух

Қалъа́ рафтан (форсӣ: قلعه رفتن‎; русӣ: рокиро́вка, аз фр. roque; roc — муҳраи шатранҷ, аз форсии рух — афсари ҷангӣ) — ҳамзамон (дар як гашт кардан) нақли макон ё ҷобаҷо кардани шоҳ ва рух, ки тарафҳо дар ҷараёни бозӣ метавонанд як бор иҷро кунанд.

Қалъа рафтан аз тариқи ҳаракати шоҳ ба ду майдони самти рух доир карда мешавад, ки он гоҳ рух аз паҳлуи шоҳ гирифта шуда, ба майдони шафати он гузошта мешавад, ба шарте ки хонаҳои байни шоҳ ва рух комилан холӣ бошанд. Қалъа рафтан ба самти ҷиноҳи шоҳ қалъаи кучак (ё кутоҳ, шартан ин тавр сабт мешавад: 0-0); ба самти ҷиноҳи фарзин — қалъаи бузург (ё баланд, сабти он: 0-0-0) унвон дорад.

Қалъа рафтан дар шатранҷ фаннест, ки бо истифода аз он шоҳ ба ақибгоҳ паноҳ меорад. Тибқи муқаррарот ибтидо шоҳро бояд ҳаракат дод ва он гаҳ рухро. Аммо дар ин мавридҳо наметавон қалъа рафт:

  • то ин дам дар бозӣ шоҳ ё рух ҳаракате карда бошанд;
  • дар мобайни рухи самти қалъа ва шоҳ агар ягон муҳрае вуҷуд дошта бошад;
  • шоҳ агар ҳадафи кишт қарор гирад;
  • шоҳ аснои қалъаравӣ ё пас аз қалъаравӣ зери шуъои кишт уфтад;
  • майдонҳое, ки аснои қалъаравӣ шоҳ убур мекунад, набояд дар тирраси ҳариф қарор гирифта бошанд.

Дар Итолиё чандин муддат ба истилоҳ, қалъа рафтани озод роиҷ буд, ки тибқи он шоҳу рух аз рӯйи хоҳишу мароми бозигар метавонистанд дар мавқеи мухталиф ҷобаҷо шаванд. Аз миёнаи садаи XIX (дар Итолиё аз охири садаи XIX) варианти муосири қалъа рафтан ҷойгузини қалъа рафтан-и озод гардид. Қалъа рафтан дар тактикаю стратегияи шатранҷ нақши муҳимм мебозад: мавқеи шоҳро мустаҳкам менамояд ва яке аз воситаҳои басиҷ кардани қувваҳост. Бизигарони ҳар ду тараф маъмулан саъй мекунанд, ки ҳамдигарро аз қалъа рафтан маҳрум созанд ва он гоҳ ба шоҳи дар марказ саргардони ҳариф ҳамла биоғозанд.

Дар композитсияи шатранҷ дар ҳар гаште иҷозаи қалъа рафтан дода мешавад, ба шатре ки имкони исбот кардан набошад, ки шоҳ ва рухи қалъараванда аз ин пеш «ҳаракат» карда будаанд.