Jump to content

Рух (шатранҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаштҳои эҳтимолии тӯра

Рух (Юникод ♖♜) — муҳраи шатранҷ. Вай тақрибан ба 5 пиёда баробар аст. Тӯра ба шумораи дилхоҳи катакҳои горизонталӣ ё вертикалӣ гашта метавонад, ба шарте, ки дар роҳи гашташ ягон муҳра набошад. Дар аввали бозӣ тӯраҳо дар катакҳои a1 ва h1 (тӯраҳои сафед), a8 ва h8 (тӯраҳои сиёҳ) ҷойгир шудаанд.

Дар бозии шоҳмот тӯраҳо нақши муҳим мебозанд. Дар аввали бозӣ тӯраҳо инкишоф наёфтаанд. Тӯраҳо дар рокировка иштирок карда метавонанд, баъд аз он дар миттелшпил вертикалҳои лозимаро зери назорат мегиранд. Дар эндшпил бошад, пиёдаҳоро ҳимоя ва дастгирӣ менамоянд ва дар буридани роҳи шоҳи муқобил аз як қисми тахта иштирок мекунанд. Бо шоҳ ва тӯра мот гузоштан мумкин аст, вале ба ин нигоҳ накарда, эндшпилҳое, ки дар онҳо тӯраҳо иштирок мекунанд хеле мураккабанд.