Jump to content

Қарории Гелонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қарории Гелонӣ

Нуруддин ибни Мулло Абдураззоқ Қарории Гелонӣ (форсӣ: نورالدین محمد قراری گیلانی‎; ? — 1582, Бангола, Ҳиндустон) — шоир ва хаттоти форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ш. Гелони Эрон ба дунё омада, улуми роиҷи замонашро фаро гирифт. Мувофиқи маълумоти Амин Аҳмади Розӣ (муаллифи тазкираи «Ҳафт иқлим»), падари Қарории Гелонӣ дар замони ҳукмронии Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ волии Гелон ва аз илмҳои табиию илоҳӣ воқиф будааст. Падари Қарории Гелонӣ аз ҷониби шоҳ ба гумони ҷосусӣ бо Усмониён ба таъқиб гирифтор ва дар қалъаи Қаҳқаҳа маҳбус шуда, ҳамон ҷо фавтид. Қарории Гелонӣ дар синни камолот бо 2 бародари донишмандаш — Ҳаким Масеҳуддин Абулфатҳ ва Наҷибуддин Ҳимом аввал ба Ироқу Хуросон, баъдан озими Ҳиндустон гардида, ба хидмати дарбори Акбар пазируфта шуданд. Бародарони Қарории Гелонӣ аз зумраи 7 тан олимони маъруфи он замон буданд, ки аз тарафи Акбар ба навиштани «Таърихи алфӣ» муваззаф гардидаанд. Қарории Гелонӣ низ назди Акбар эътибори хос дошт ва ҳамчун шоир дар анвои гуногуни шеър — қасида, ғазал, рубоӣ дар сабки вуқӯъ асарҳо меофарид. Қарории Гелонӣ шоири соҳибдевон аст. Ашъораш то замони мо тавассути тазкираҳо расидааст.

Абёти зер намунаи шеъри ӯст:
Гар ишқ дили маро харидор афтад,
Коре бикунам, ки парда аз кор афтад.
Саҷҷодаи парҳез чунон афшонам,
К-аз ҳар тораш ҳазор зуннор афтад.

Равшан шудам зи оташи ишқаш ба сони шамъ,
Ҳам бар мазори хеш ғарибона сӯхтам.