Jump to content

Қассоби Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қассоби Кошонӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Саъид Қассоби Кошонӣ (форсӣ: سعید قصاب کاشانی‎; ?, Кошон — 1751, Машҳад) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қассоби Кошонӣ аввалҳо ба василаи қассобӣ рӯз мегузарондааст. Тахаллуси шоириаш низ аз ҳамин ҷост. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ, ки соли 1670 бо шоир вохурдааст, баъдтар у ба карбосбофӣ машғул будааст. Қассоби Кошонӣ бештар ғазал сурудааст. Дар девонаш, ки ҳануз дар асри адиб саросари Эрону Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон шуҳрат ёфта буд, 350 ғазал фароҳам омадааст. Мавзуъҳои ғазалиёти Қассоби Кошонӣ ишқу муҳаббати самимӣ, тасвири манзараҳои рангини табиат, ситоиши ахлоқи ҳамида ва накуҳиши беадолатиҳои замон ва ғайра мебошанд. Шоир аз ҷабру зулм ва беинсофиҳои ҳукуматдорон шикоятҳои ҷонсуз кардааст. Чунончӣ:

Дар замони мо намеборад саҳоби зиндагӣ,
Хушк гардидаст дар сарчашма оби зиндагӣ.
Аз ҷафои беҳадӯ айёму гардишҳои даҳр
Гашта кутаҳ риштаи умрам зи тоби зиндагӣ.

Қассоби Кошонӣ ба ашъори Ҳофиз, Соиб ва дигарон мухаммас бастааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қассоби Кошонӣ / А. Раҳмонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).