Jump to content

Қатилии Миёнколӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қатилии Миёнколӣ

Абдулҳай Қатилии Миёнколӣ (форсӣ: قطیلی میانکالی‎; нимаи дуюми қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Самарқанду Бухоро аз уламои машҳури замон илм омӯхтааст. Бино ба маълумоти Мутрибӣ («Тазкирату-ш-шуаро») дар ширинкаломию рангинбаёнӣ миёни аҳли илму адаби Бухорову Самарқанд шуҳрат доштааст. Дар назди ҳокимони давр низ соҳиби обрӯву эътибор будааст. Аввал дар мадрасаҳои Бухоро дарс гуфта, дар аҳди Абдуллоҳхон (ҳукмронӣ 1583—1598) бо хоҳиши уламои Хуросон ҳамчун мударрис ба мадрасаи Ҳирот даъват шудааст. Қатилии Миёнколӣ дар шеъргӯӣ табъи салиму маҳорати комил доштааст.

Абёти зер аз ӯст:

Магӯ, ки дӯш нигоҳам ба сӯи ту чун буд,
Ки он ба ёрии бахтам атои бечун буд.
Қиёси дарди маро бо рақиб кардӣ дӯш,
Аз ин алам дили ман беқиёс маҳзун буд.
Ба саъй ноқаи Лайлӣ равон ба ҳомун шуд,
Ки он зи ҷозибаи иштиёқи Маҷнун буд.