Jump to content

Қатили Лоҳурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қатили Лоҳурӣ

Муҳаммадҳусайн Қатили Лоҳурӣ (форсӣ: قتیل لاهوری‎; 1759, Фаридободи Деҳлӣ — 1818, Лакҳнав) — нависанда ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш Мал ва гузаштагонаш аз мардуми бумии Ҳинд, асли хонаводаи онҳо аз Батола (Патёла)-и Лоҳур ва Покит (Богпат)-и Деҳлӣ будаанд. Пас аз марги бобои Қатили Лоҳурӣ падараш дар аҳди подшоҳии Муҳаммадшоҳ (1719-29) ба рустои Дотсаи Деҳлӣ кӯч баст. Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Илмҳои сарфу наҳв, мантиқу ҳикмат, маонӣ, баён, бадеъ, арӯз ва қофияи арабиро омӯхтааст. Дар шоирӣ аз шогирдони Муҳаммадбоқир Шаҳиди Исфаҳонӣ буд ва бо ташвиқи ӯ дар 17-солагӣ исломро қабул кард. Дар ҳисоб низ даст дошт.

Ба Эрон ва Ироқ сафар карда, дар Лакҳнав даргузашт, пайкарашро дар боғи «Қайсари Лакҳнав», ки он замон «Ҳусайния» ном дошт (ҳозира Коллеҷи мусиқии Лакҳнав) бахок супурданд. Қатили Лоҳурӣ ба дарвешӣ ва ворастагӣ машҳур аст. Ҳошимӣ, дар тазкираи «Махзану-л-ғароиб» (1803) навиштааст: «Фақир касеро дар латофати табъ ва ҷуддати зеҳну истиқомати ақлу лузуми қаноат ва таҷриду тафрид ва хуш будан ва хуш гузаронидани умр монанди эшон надидаам. Гоҳе талоши дунё накарда, хонабадӯш, қаландарвор ба либоси камбаҳо нисбат менамуд. Ҳаргиз дар банди шайхӣ набуда, аз алоқаи дунё то давоту қалам, ки лозимаи аҳли илм аст, ҳамроҳи худ чизе надорад. Ин ҳама бетааллуқӣ аз ночорӣ на, балки истиғнои табъ аст». Осори боқимондаи Қатили Лоҳурӣ ба забони форсӣ ва дар мавзуъҳои гуногун хеле сода, равон ва дилнишин аст. Бештари тазкиранависон дар латофати табъ ва баҳрамандии ӯ аз фанни шоирӣ сухан гуфтаанд. Соҳиби «Махзану-л-ғароиб» гуфтааст, ки дар эҷоди ғазал бебадал аст ва дар иншои форсӣ, арабӣ, туркӣ ва таърих маҳорати комил дорад. Дар мактаби ӯ шогирдони шуҳратманд ба камол расидаанд. Аз ҷумла, шоири соҳибдевон — Мир Сайид Алии Лакҳнавӣ, ки бо тахаллуси Асирии Лакҳнавӣ машҳур аст. Яке аз китобҳои машҳури Қатили Лоҳурӣ дар бо- раи одобу русуми қавму мазҳабҳои ҳиндӣ «Ҳафт тамошо» (Лакҳнав 1875) аст, ки бо забони содаи форсӣ навишта шудааст.

Ин ғазал аз ӯст:

Моро ба ғамза кушту қазоро баҳона кард,
Худ сӯи мо надиду ҳаёро баҳона кард.
Дасте ба души ғайр ниҳод аз раҳи карам,
Моро чу дид, лағжиши поро баҳона кард.
Омад буруни хона чу овози мо шунид,
Бахшидани навола гадоро баҳона кард.
Рафтам ба масҷид аз пайи наззораи рухаш,
Дасте ба рух кашиду дуоро баҳона кард.
Зоҳид надошт тоби ҷамоли парирухон,
Кунҷе гирифту тарси Худоро баҳона кард.