Jump to content

Қаторкӯҳи Оқтоғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Оқтоғ
?

Оқтоғ — қаторкӯҳест, дар ҷануби ғарби Тоҷикистон, дар байни водии дарёҳои Кофарниҳон ва Обикиику Вахш.

Аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи тақрибан 150—155 километр тӯл кашидааст. Бараш 20— 22 километр.

Релйефи теппамонанд дорад. Баландин қаторкӯҳ ба ҳисоби миёна 1000—1200 метр, ҷои аз ҳама баландаш қӯҳи Мундитоғ (2227 метр). Ба самти Ҷануб торафт пасту камбар мешавад. Оқтоғ чини калони антиклиналӣ буда, аз таҳнишасти давраҳои табошир ва палеогену неоген (конгломерат, регсанг, гил, оҳаксанг, мергел, гач ва ғайра) таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳои қаторкӯҳ асосан растаниҳои дашти мерӯянд.