Jump to content

Рангон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қаторкӯҳи Рангон)
Рангон
?
Макон

Қаторкӯҳи Рангон — қаторкӯҳест дар қисми ҷанубу ғарби Тоҷикистон.

Дар байни қаторкӯҳҳои Раштон ва Оқтоғ воқеъ гашта, водиҳои Кофарниҳон ва Ёвонро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз Ҷанубу Ғарб ба Шимолу Шарқ ба масофаи 70 км камоншакл тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш 1895 м (кӯҳи Хоҷазаранг). Қаторкӯҳ асосан аз гил, регсанг, оҳаксангу мергелҳои давраи табошир таркиб ёфтааст. Дар нишебизои Рангон Ёвонсу, Терсагарсу, Қарамандису ва Шӯртансу барин сойҳои обашон до­имӣ ва мавсимб бисёранд. Дар канори шарқии Рангон ағбаи Зардолу (баландиаш 1610 м) воқеъ аст, ки аз он рози автомобилгарди Душанбе — Норак ва Душанбе — Ёвон мегузарад.