Қиличи Балхӣ
Зоҳир
Қиличмуҳаммадхон Қиличи Балхӣ (форсӣ: قلیچ بلخی, нимаи дуввуми асри 16) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш — Балх гирифтааст. Дар аҳди Акбар (ҳукмронӣ 1556—1605) ба Ҳиндустон рафт. Байни аҳли фазлу адаби Ҳиндустон соҳиби обрӯву эътибор будааст. Муддате мансабдори дарбор, баъдтар ҳокими вилояти Агра таъйин шудааст. Қиличи Балхӣ дар шоирӣ табъи хубу хаёлоти марғуб доштааст. Абёти зер аз ӯст:
Он бода, ки зарфи рӯҳ паймонаи ӯст
В-он ҷуръа, ки ақлу ҳуш девонаи ӯст,
Хӯрдам зи кафи соқии сармаст, ки ӯ
Шамъест, ки офтоб парвонаи ӯст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қиличи Балхӣ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.