Қодир Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қодир Бобоев
Қодир Бобоев
Таърихи таваллуд: 25 ноябр 1950(1950-11-25) (70 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Фазои илмӣ: математика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко

Қодир Бобоев (тав. 25.11.1950, деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1984), дотсент (1986).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1967–1972 дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1972–1977 ассистенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ, 1977– 1980 аспиранти кафедари номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд, ки бо роҳхати донишкада ба Маркази ҳисоббарории Шӯъбаи дар Сибирбудаи АИ ИҶШС фиристода мешавад. Солҳои 1980–1986 ҳамчун муаллим ва муаллими калон, аз соли 1986 дотсенти кафедраи математикаи ҳисобарорӣ, 1988–1991 муовини декани факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Солҳои 1993– 1995 вазифаи ходими калони шӯъбаи илми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1996 дар яке аз мактабҳои олии ш. Новосибирски Федератсияи Россия фаъолият мекунад. Муаллифи зиёда аз 30 таълифоти илмию методӣ аст.

Осор[вироиш]

  • Обратная задача для Р1 – приближения кинетического уравнения переноса // В кн.: Исследование корректности обратных задач в некоторых операторных уравнениях, Новосибирск, 1982; Алгоритм ва тарзи пешниҳоди он // Мактаби советӣ, 1987, №2;
  • Конечно-разностный метод решения обратной задачи для Р3 – приближения кинетического уравнения переноса // Доклад АН Тадж.ССР, 1990, Т. 33. № 11.
  • == Пайвандҳо ==
  • Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ