Jump to content

Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ
форсӣ: احمد غفاری
Зодгоҳ: Кошон
Таърихи даргузашт: 1566(1566)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, хушнавис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қозӣ Аҳмад ибни Қозӣ Муҳаммади Ғаффорӣ (форсӣ: احمد غفاری‎; ? — 1566) — хушнавис, шоир, таърихнигор, нависанда ва мусаввири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Кошон таваллуд шудааст. Аз авлоди Наҷмуддин Абдулғаффори Шофеии Қазвинӣ. Ба қавли Абдулқодири Бадоунӣ муддатҳо дар Эрон вазир буд ва саранҷом истеъфо дода, ба зиёрати Байтулмуқаддас сафар кард ва пас аз анҷоми маросими ҳаҷ ба Ҳиндустон рафт. Ба қавли Ғуломмуҳаммади Ҳафтқаламӣ («Тазкираи хушнависон») хушнависи настаълиқ буд ва дар Ҳиндустон ба шоҳзода Парвиз таълими хат мекард. Пас аз марги шоҳзода тарки хидмат намуда, соли 1566/67 вафот кард. Ҳангоми иқомат дар Эрон дар хонадони Соммирзо зиндагӣ мекард ва ин шоҳзода дар бораи ӯ гуфтааст: «Дар ҳиддати зеҳн ва салиқаи иншо байни ақрон (ҳамнишинон) машҳур буд». Аз осори хаттотии вай «Таърихи нигористон» ва «Насхи ҷаҳоноро» боқӣ мондааст. Аҳмади Ғаффорӣ шоири хуштабъ ва базлагӯ низ будааст.

  • بداونی عبد القادر. منتخب التواريخ. جلد ۳. کلکته، ۱۸۶۹؛
  • هفت قلمی غلام محمد. تذکرۀ خوشنويسان. باهتمام محمد حدايت حسينی. کلکته، ۱۹۱۰؛
  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵.