Қомуз (сози мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қомуз — сози тории мизробии халқии қирғизист. Дастаи дарозаш ба танаи косахонаи мурудшакли соз пайваст шудааст. Қомуз 3 тор дошта, тори якуму сеюм ба тарзи унисон (ҳамовоз) ва тори мобайн бо фосилаи кварта ё квинта ҷӯр мешаванд. Дар Қомуз мусиқии ду ё сеовозаро навохтан имконпазир аст ва ҳамчунин ҷӯрнавозӣ (аккомпанемент)-и начандон мураккаб низ имкон дорад. Онро бо ангуштон менавозанд. Қомуз дар ҳайати оркестри созҳои халқии қирғизӣ яке аз созҳои асосӣ ба шумор рафта, баъзан вазифаи якканавозиро низ адо мекунад. Атай Огонбаев ва Ирбай Туманов ҳамчун қомузнавозони машҳури қирғиз дониста шудаанд. Дар фарҳанги халқҳои дигари турктабор низ сози мусиқии шабеҳи Қ. вуҷуд доранд.[1]


Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 199 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)