Қонун (сози мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонун - сози қадимии мусиқиест, ки ба чанг монанд аст. Ба гуфти И. Раҳимов:

«Қонун дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, инчунин дар Арманистону Озарбойҷон хеле маъмул аст. Сарпӯши қуттиро аз чӯб тарошида, ба як қисми он пӯст мекашанд. Дар рӯи пӯст харак гузошта мешавад. Дарозии қуттии резонанскунандааш 80-90см ва бараш 38-40 см. Қ. 24-25 тори пай (сегона) дорад, ки диапазонаш ба 3 октава рост меояд. Ҳоло торҳои регистри миёна ва баланд ба торҳои филизӣ иваз шудаанд. Гӯшакҳо имкони ба ним тон (парда), як тон ва якуним тон ҷӯр кардан доранд. Мутриб Қонунро ба сари зону ё болои миз гузошта менавозад. Қонун номи арабии сози Шоҳруд аст. Қонун то солҳои 30 асри XX дар Бухоро вуҷуд дошт».

Дар гузашта, буданд машшоқони қонуннавози тоҷик, ки ба ҳунарашон дар замони худ шуҳрат доштанд: Амириброҳими Қонунӣ, навозанда, сароянда ва мусиқидони тоҷик (асри 15-16), зодгоҳаш Ҳисор; Бобои Қонунӣ, оҳангсоз ва машшоқи тоҷик (асри XVI-XVII), зодгоҳаш Истаравшан; Дарвеш Аҳмади Қонунӣ навозанда оҳангсоз ва ҳофизи машҳури тоҷик (асри XV), зодгоҳаш Самарқанд ва чанд тани дигар. Ҳоло Қонун бештар дар Арманистон ва Озарбойҷон маъмул аст. Композиторон барои ин соз асарҳои зиёд таълиф намудаанд ва он дар муассисаҳои таълимӣ омӯзонида мешавад. Дар Тоҷикистон Қонун тахминан солҳои 80 асри XX ворид гардид ва аввалин қонуннавози тоҷик Алмос Абдуллоев мебошад. Қонун дар муассисаҳои олии мусиқӣ омӯзонида мешавад ва онро дар ансамблҳо ба кор мебаранд.[1]

Қонун трапетсияшаклу росткунҷа аст. Сохти он: қутии резонаторист, ки аз болояш торҳои зиёде (сегона) кашида мешавад. Бино ба маълумоти маъхазҳои қадими шоҳруд асрҳои VIII-IX дар кӯҳистони назди Самарқанд (аз тарафи Абуҳафзи Суғдӣ) сози Шоҳруд ихтироъ шуда, сипас дар Сурия, Миср ва Байнаннаҳрайн паҳн гардидааст (аз рӯи ахбори Абунасри Форобӣ) ки он барои навохтани мусиқии халқҳои гуногун хело мувофиқ будааст. Ба гуфтаи Форобӣ баъдтар шоҳруд дар Арабистон номи қонунро гирифтааст. Дар он сарзамин ва Эрону Озорбойҷон ва Арманистон то ҳол бо ин ном машҳӯр аст.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 199 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)