Jump to content

Қонунияти конститутсионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонунияти Конститутсионӣ – ба Конститутсия мутобиқ будани тамоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки аз талаботи волоият ва эътирофи ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, дар натиҷаи он амали мустақими меъёрҳои консгитутсионӣ, низоми муташаккилона ва устувори мутобиқати кулли санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда ба Конститутсия таъмин мегардад.

Ақида ва принсипи қонунияти конститутсионӣ дар м. 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст. Мувофиқи он

«қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Вазифаи таъмини қонунияти конститутсионӣ ба зиммаи Суди консгитутсионӣ гузошта шудааст. Муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувван қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия - салоҳияти Суди конститутсионии ҶТ аст. Қонунияти Конститутсионӣ-дар ҳуқуқи конститутсионӣ ба ду мазмун фаҳмида мешавад. Ба мазмуни васеъ қонунияти конститутсионӣ риояи қатъӣ ва иҷрои конститутсия аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидора, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Таъмини кафолати қонунияти конститутсионӣ ба воситаи суд, пеш аз ҳама, Суди конститутсионӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ба мазмуни маҳдуд қонунияти конститутсионӣ мувофиқати санадн муайянро бо конститутсия ифода мекунад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 255 - 256