Jump to content

Қонуни федералӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қонуни федералӣ - қонун дар давлатҳои федеративӣ, ки амалашон дар ҳама ҳудуди давлат паҳн мегардад. Дар қонунгузории чунин давлатҳо ҳамеша салоҳиятҳои федератсия ва субъектҳои он фарқ кунонида мешавад. Масалан, дар Конститутсияи ИМА соли 1787 номгӯи масъалаҳои қонунгузории федеративӣ дар фасли 8 моддаи 1; дар Қонуни Асосии Олмон соли 1949 салоҳияти хоси қонунгузории федератсия дар моддаи 73; дар Конститутсияи Русия соли 1993 дар моддаҳои 102-108 нишон дода шудаанд. Баробари қонуни федеративӣ баъзе давлатҳои федеративй инчунин қонунҳои конститутсионии федеративӣ қабул мекунанд, ки аз қонунҳои ҷории федеративй боло меистанд. Қонунҳои конститутсионии федеративӣ оид ба масъалаҳои ба ихтиёри федератсия додашуда қабул карда мешаванд. Оид ба кадом масъалаҳо қабул кардани чунин қонунро Конститутсия нишон медиҳад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 255