Ҳуқуқэҷодкунӣ (раъйпурсӣ)
Зоҳир
(Тағйири масир аз Қонунэҷодкунӣ (раъйпурсии умумихалқӣ))
Ҳуқуқэҷодкунӣ, Қонунэҷодкунӣ (раъйпурсии умумихалқӣ) — фаъолияти халқ (ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ) ва мақомоти қонунгузор оид ба эҷоди (офаридани) Қонунҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Фаъолияти қонунгузорӣ мураккаб буда, аз давраҳои зерин иборат мебошад:
- ташаббуси қонунгузорй,
- муҳокимаи лоиҳаи қонун,
- қабули қонун,
- ба имзо расонидан ва интишори қонун.[1]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм оид ба Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод намуданд. Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ рӯзи 22 майи соли 2016 таъйин гардид. (Нигаред ба лоиҳа)[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ/Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. 258-259 саҳ
- ↑ Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.. 19 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2021.