Қоонии Шерозӣ
форсӣ: قاآنی شیرازی | |
Таърихи таваллуд: | 20 октябр 1808 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 4 май 1854 (45 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Қоонии Шерозӣ (форсӣ: قاآنی شیرازی; 20 октябр 1808, Шероз[1] — 4 май 1854, Теҳрон[1]) — шоир ва нависандаи форсигӯи давраи Қоҷор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзо Ҳабиб мутахаллис ба «Қоонӣ» фарзанди Муҳаммад Алии Гулшан аз шоирони бузурги дарбори Фатҳалишоҳи Коҷор ва Муҳаммадшоҳи Коҷор ва аввали салтанати Насриддиншоҳ буд. Ӯ ба ҳикмат низ алоқаи саршоредошт. Қоонӣ асолатан аз Кирмоншоҳаст, вале дар Шероз мутавлид шуд ва чун аз 7 солагӣ ятим гашт таҳсилоти муқадимотиро дар ҳамон Шероз фарогирифт ва дар овони ҷавонӣ озими Машҳад шуд то дар он ҷо ба идомаи таҳсил пардозад ва зимнан майдони тозае барои касби маош пайдо кунад. Падари Қоонӣ Гулшани Кирмоншоҳӣ аст ва бародарзодаи Қоонӣ ҳам Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ машҳур ба Мирзои дуввуми Шерозӣ аст. Писари Қоонӣ ҳам шоире буда ба номи Сомонӣ, ки дар 1285 қ. вафот мекунад. Қоонӣ дар адабиёти араб ва форс маҳорати кофӣ ёфт ва ба ҳикмат низ алоыаи саршоре дошт ва метавон гуфт шуҳрати шоирии ӯ латма ба шуҳрати ӯ ба унвони як ҳакими донишманд задааст. Дар ҳикмат ӯро ҳам миёнаи Мулосадро ва Ҳоҷӣ Мулоҳодии Сабзаворӣ номидаанд. Аз ин рӯ Фатҳалишоҳ ӯро «Муҳтаҳидушшуаро» лақаб додва Муҳаммадшоҳ низ Қоониро «Ҳассонулаҷам» мехонд, зеро дар шеър махсусан қасидасароӣ чунон бар калом тасаллут дошт, ки мояи эъҷобиҳар хонандаи осори ӯст. Вафоти Қоонӣ дар соли 1280 иттифоқ афтод ва дар Теҳрон ба хок супурда шуд.
Мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қоонӣ аз лиҳози лиффозӣ ва ба кор бурдани саноеъи шеърӣ ва ибтикор дар қавофӣ беназир аст.Қоонӣ илова бар девони ашъораш, ки дар ҳудуди 17000 байт аст китобе ба номи «Парешон» ба сабки «Гулистон» дар наср нигошта, ки мазомини он ҳам мамлу аз достонҳои мустаҳҷан ва тавъам бо алфози ракик аст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сад шукр гӯям ҳар замон, ҳам чангро ҳам ҷомро,
- К-ин ҳарду бурданд аз миён ҳам нангро ҳам номро.
- Дилтанғам аз фарзонагӣ, дорам сари девонагӣ,
- К-аз худ диҳам бегонагӣ, ҳам хосро ҳам омро.
- Хоҳам ҷунуне сафшикан ошӯби ҷони марду зан,
- Орад ба шӯриштан ба тан ҳам пухтаро ҳам хомро.
- Чун мурғ парад аз қафас дигар наяндешад зи кас,
- Бинад мудом аз пешу пас ҳам донаро ҳам домро.
- Қоони ар ҳиммат кунӣ дил аз ду олам бар канӣ,
- Якбора дарҳам бишканӣ ҳам шишаро ҳам ҷомро.
Аз рубоиёт:
- Омад маҳи шавволу маҳи рӯза гузашт,
- В-аёми сиёму ранҷи сиру загузашт.
- Сад шукри Худо, ки рӯзи рӯзаи мо,
- Гоҳе ба ғанову гоҳе ба дарюза гузашт.
- Ошуфта сухан чу зулфи ҷонон хуштар,
- Чун кори ҷаҳон бесару сомон хуштар.
- Маҷмӯаи ошиқон бувад дафтари ман,
- Маҷмӯаи ошиқон парешон хуштар