Қорӣ Камол
Қорӣ Камол | |
Таърихи таваллуд | 1862 |
Зодгоҳ | Бухоро Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1942 |
Пеша(ҳо) | навозанда, мутриб, сароянда |
Қорӣ Камол,машҳур ба Қорӣ Камоли Хонанда (1862, Бухоро — 1942, ҳамон ҷо) — хонанда, навозанда, оҳангсоз ва таронасарои тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати овозхонӣ, сознавозиро аз падараш омӯхта, овози хуб ва сомеаи нотакрор дошт. Ба шогирдии Бобо Ҷалол Носирзода (1845—1928) ворид шуда, аз шогирдони беҳтарини ӯ буд. Муддате назди Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851—1906) сознавозӣ (танбӯр) омӯхта, бо ҳамроҳии устодаш дар маҳфилҳои адабӣ, ҳунарии Аҳмади Дониш (1826—1897) ширкат меварзид. Бо барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Марв, Кармина, Фарғона, Самарқанд, Тошканд ҳунарнамоӣ карда, «Қуръон», достони ҳамосиро дар пояи баланд иҷро менамуд. Дар иҷрои шохаҳои овозии мақомҳо «савт», «қашқарча», «муғулча», «талқин» маҳорати баланди иҷроӣ ба харҷ медод. Қорӣ Камол солҳои зиёд дар мактаби мусиқии Шар-қи Бухоро ба сифати устод фаъолият намуда, сарояндаю оҳангсозон Шоҳназар Соҳибов (1903—1972), Фазлиддин Шаҳобов (1911—1974) ва диг. аз ӯ асосҳои амалии созу овозро фаро гирифтаанд. Қорӣ Камол назди аҳли ҳунар бо номи «Камоли Савтхон» ҳам шуҳрат доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 111. — ISBN 978-99947-49-13-3.