Қосимии Гунободӣ
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Муҳаммадқосим Қосимии Гунободӣ (форсӣ: محمدقاسم قاسمی گنابادی[1]; ? — 1574, Диёрбакр) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш Амир Сайид дар Гунобод раёсат доштааст ва Қосимии Гунободӣ пас аз ӯ ҳамчун фарзанди бузурги хонавода, вориси мақоми падар шуд, аммо ин мақомро ба бародари худ — Амир Абулфатҳ вогузор кард ва худ ба шеъру адаб рӯ овард. Дар шоирӣ шогирди Абдуллоҳи Ҳотифӣ ва дар илмҳои ақлӣ аз шогирдони Ғиёсуддин Мансури Даштакии Шерозӣ будааст. Қосимии Гунободӣ нахуст ба хидмати Шоҳ Исмоили Сафавӣ даромад, баъд ба дарбори Шоҳ Таҳмосп пайваст ва барои онҳо ду маснавӣ эҷод кард. Шоҳ Таҳмосп, дар оғоз ба шоир илтифот нишон дод, аммо барои ин ду манзума ба ӯ чизе набахшид. Аз ин рӯ Қосимии Гунободӣ тарки дарбори Сафавӣ карда, ба Диёрбакр, назди волии он — Султон Маҳмудхон рафт ва то охири умр ба ӯ хидмат намуд. Дар назм ба Низомӣ ва Ҷомию Ҳотифӣ пайравӣ кардааст. Аз шоирони маъруфи замонаш буд, ба вижа, дар санъати муаммо ва арӯз маҳорати баланд дошт. Маснавиҳояш содаву равон ва фарогири мазмунҳои ҳамосӣ, ғиноӣ ва ҳикамию ахлоқиянд. Дар оғози ҳамаи маснавиҳо абёте дар ҳамди Худо ва васфи меъроҷи паёмбару ситоиши ёрони ӯ дорад.
Феҳристи осори ӯ бар асоси он чӣ худ дар муқаддимаи асараш «Зубдату-л-ашъор» оварда, чунин аст: 1. «Шоҳномаи мозӣ» («Шоҳисмоилнома», 1534), иборат аз 4300 байт; 2. «Шоҳномаи Наввоби олӣ» («Шоҳтаҳмоспнома», соли 1543), ҳудуди 5 ҳазор байт ба номи Шоҳ Таҳмоспи I ва дар боби зиндагию ҷангҳои ӯ; 3. «Лайлию Маҷнун», маснавии ошиқона; Қосимии Гунободӣ онро 2 бор навиштааст, нахуст дар ҳудуди 3 ҳазор байт ба номи Шоҳ Таҳмосп (1540), бори дуюм ба номи Иброҳиммирзои Сафавӣ (1570). Нусхаи дуюмро «чашми дуюми манзума» номида, сипас нусхаи аввалро мансух эълом кардааст. 4. «Гуй ва чавгон» ё «Корнома» соли 1511 бо дастури Шоҳ Таҳмосп дар ду ҳафта навишта шуд (ҳудуди 1500 байт). Мавзӯи он достони гуй ва чавгонбозии шоҳу шоҳзодагон аст. 5. «Хусраву Ширин» соли 1543 (3 ҳазор байт) бо дархости Соммирзои Сафавӣ навишта шуд; 6. «Шоҳрухнома» — манзумаи ҳамосию таърихӣ (тақр. 5 ҳазор байт), онро соли 1543 ба дархости Шоҳ Таҳмосп навишт. Ин достон ба таърихи подшоҳӣ ва ҷангҳои Шоҳрух — писари Темур бахшида шудааст; 7. «Умдату-л-ашъор» («Ошиқу маъшуқ», соли 1558) дар мавзӯи сафар ба Маккаву Мадина (4 ҳазор байт) аст. 8. «Зубдату-л-ашъор» (иборат аз 4400 байт), ки шоир онро ҷавоби «Махзану-л-асрор» номидааст (1558), ба номи Иброҳим Мирзои Сафавӣ анҷом ёфтааст.
Қосимии Гунободӣ илова бар маснавӣ, қасида ва ғазали бисёр ҳам доштааст. Ғазалу рубоиёти ӯ дар тазкираи «Хулосату-л- ашъор» оварда шудаанд. Дар поини умр ҳамосае дар шарҳи футуҳоти Султон Муҳаммад — волии Диёрбакр навиштааст, аммо нусхае аз он дастрас нест. ду муқаддима ва номае аз осори дигари насрии Қосимии Гунободӣ мебошанд, ки ба сабки Саъдӣ нигориш шудаанд. Дар назми Қосимии Гунободӣ бисёр вожаҳои нуҷумӣ бо тасвирпардозиҳои илмӣ омадаанд, ки баёнгари огоҳии комили ӯ аз ин илманд.
Намунаи шеъри Қосимии Гунободӣ:
Суханро дар ин дайри фонӣ бақост,
Сухан ҷовидон асту боқӣ фаност!
Суханро ба ҷое расонам каманд,
Ки аҳсант гӯяд сипеҳри баланд.
Агар ман зи арбоби номӣ наям,
Ба ҳусни сухан чун Низомӣ наям.
Зи гуфтори Фирдавсии покзод
Агар монд номи Ҷаму Кайқубод.
Умед аст, ки ин нома ҳамчун нигор,
Бимонад зи номи ту дар рӯзгор!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ قاسمی گنابادی، محمدقاسم - ویکینور، دانشنامهٔ تخصصی(форсӣ). fa.wikinoor.ir. 8 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қосимии Гунободӣ / О. Шакурзода // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.