Қосими Ардистонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қосими Ардистонӣ

Шайх Абулқосими Ардистонӣ (? — 1592) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шеър «Қосим», гоҳе «Қосимӣ» тахаллус мекард. Дар манбаъҳои адабӣ, хусусан дар тазкираҳо, дар бораи ӯ маълумот кам аст. Соли таваллудаш номаълум ва соли фавташро тазкиранигорон – Озари Бекдилӣ (1578), Музаффар Ҳусайни Сабо (1577), Алӣ Иброҳимхони Халил (1569) ва Авҳадии Балёнӣ (1592) тахмин зикр кардаанд. Қосими Ардистонӣ дар зодгоҳаш касби илму фазл намуда, сипас ба Исфаҳон рафт ва то поёни умр он ҷо зиндагӣ кард. Муосири Тақиюддини Авҳадӣ буд, муддате шоҳ Аббоси Сафавӣ (ҳукмронӣ 1588–1639)-ро мадҳ намуд, баъдан тарки дарбор ва узлатнишиниро ихтиёр кард: Азбас вафо намудаму дидам ҷафову ҷавр, Бар ҳеч офарида сари ёриям намонд. Алӣ Иброҳимхон Халил ӯро «марди дарвешсират ва узлатгузин», Волаи Доғистонӣ «аз гӯшанишинон ва номдорон » тавсиф кардаанд.

Аз Қосими Ардистонӣ девони ғазалиёт (ҳовии қасида, ғазал, мухаммас, фард, қитъа ва ғ.) ва маснавии «Анису-л-орифин» боқӣ мондаанд. Сафо нусхае аз девони ӯро (бо шумораи №1765) ҳамроҳ бо девони Абутуроббеки Фурқатӣ дар Китобхонаи миллии Фаронса хондааст: «Шомили қасида, ғазал, рубоӣ ва чанд маснавии кӯтоҳ дар баҳрҳои мухталиф аст». Қасидаҳояш дар ситоиши паёмбар (с) ва шоҳ Аббоси Сафавӣ мебошанд. Дар ашъораш аз беқадрии аҳли рӯзгори худ шикоят кардааст.

Ба қавли баъзе тазкиранигорон маснавии «Анису-л-орифин», ки Сабо онро ба Қосими Ардистонӣ нисбат додааст, ҳамон «Анису-л-орифин»-и Қосими Анвор аст, ки бо ҳам омехта шудаанд.

Ин порча аз ӯст:

Ман ринди хароботи муғонам, чӣ тавон кард?
Ошуфтаву савдои ҷаҳонам, чӣ тавон кард?
Носеҳ хабаре гӯяду пайғому нишоне,
Ман бехабар аз ному нишонам, чӣ тавон кард?
Бар мазҳаби ишқ аст дили Қосими мискин,
Чун хуштар аз он роҳ надонам, чӣ тавон кард?

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]