Jump to content

Сино (собиқ Қошқарӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қошқарӣ)

Қошқарӣ (Сино) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 10 км. Аҳолиаш 1085 нафар (2010), тоҷикон. Аз 125 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, хонаи саломатӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳои корам лалмианд.[1]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.