Қудрати Шуғнонӣ
Таърихи таваллуд: | 1824 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1914 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Қудрати Шуғнонӣ (форсӣ: قدرت شغنانی; 1824, деҳаи Бархоруғ, Шуғнон — 1914, Хоруғ) — номдортарин шоири ҳавзаи адабии Бадахшон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қудрат соли 1824 дар рустои Бархоруғ (ҳозира шаҳри Хоруғ) дар хонаводаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст[1]. Падари ӯ Зикруллобек хатту савод надошт ва бинобар ин писари худро хам саводнок карда натавонист. Танҳо мактабе, ки Қудрат аз он гузаштааст, эҷодиёти шифоҳии мардум аст.
Дар бораи тарҷумаи ҳоли шоир сарчашмаи хаттие дар даст нест ва танҳо дар асоси он чизе, ки аз баъзе маъхазҳо ва сарчашмаҳо дастрас аст, шоир зиндагии осоишта ва ширине надошта, як ҳаёти пурмоҷаро ва фоҷиабароре пушти сар кардааст. Ӯ бо 9 писар ва се духтар зиндагии фақирона ва бенавонёна дошта, ба иловаи ин бадбахтиҳо боз баъд аз забт шудани Шуғнон аз ҷониби афғонҳо, зодгоҳи хешро тарк карда, ҳамроҳи хонаводаи худ ба тарафи Дарвозу Қаротегин фирор мекунад. Фоҷиаи ғамангези дигаре, ки дар ин оворагардиҳо ба сари Қудрати Шуғнонӣ омадааст, марги нобаҳангоми фарзандон 8 писару як духтар мебошад, ки шоир аз ин сахт андӯгин мешавад.
Баъд аз ҳафт соли саргардониҳо шоир боз роҳи зодгоҳашро пеш мегирад ва ба Хоруғ бармегардад ва чун пешина зиндагии фақиронаеро ба сар мебарад. Соли 1914 дар синни 90-солагӣ дар Хоруғ вафот мекунад.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳарчанд забони модариаш шуғнӣ ва дар муҳити забони форсӣ кам воқеъ шуда бошад ҳам, тамоми эҷодиёташ ба забони форсӣ ҳаст. Ӯ, ки зеҳни бисёр баланд доштааст, вориди ин забон тавассути шунудаҳо аз даҳани мадҳияхонон, ҳофиздонону мавлавихонҳо шудаааст.
Ғазалу рубоиёт ва мухаммасоте, ки аз ҷониби Қудрат эҷод шудаанд, беҳтарин ва волотарин намунаи шеъри форсианд ва бештари онҳо ба дурдонаҳои шифоҳии адабиёти тоҷик табдил ёфтаанд.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Нозанине, ки дар арақ тар шуд,
Нозанин буду нозанинтар шуд.
То ки аз хандаи шакарбораш,
Нозбӯю бунафша ҷаъфар шуд.
Рехта оби ҳарду дидаи ӯ,
Лолаву арғувон гули тар шуд.
Чанд гӯям сифоти чашмонаш,
Кай Зулайхо ба ӯ баробар шуд.
Рафт овозааш ба Балхи шариф,
Ҳама шоҳу гадо қаландар шуд.
Дӯст аз душманон маҳрамтар,
То ба рӯям чу оҳанин дар шуд.
Қудрати хушхаёлу равшантабъ,
Хоку бод аз барои дилбар шуд.
Бузургдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Хоруғ лавҳаи ёдгории Қудрати Шуғнонӣ дар назди НОБ-и Хоруғ гузошта шудааст[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тилло Пӯлодӣ. Шоирони халқии Бадахшон. — Д.: Шарқи Озод, 1999. — 160 с.
- ↑ Лавҳаи хотирмонӣ Қудрати Шуғнонӣ шоири Шуғнонзамин. khoruq.tj. 6 марти 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Январ 2020.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Н. Шанбезода, «Шоири халқии кӯҳистон — Қудратуллобек ва осори ӯ», ж. «Шарқи сурх», Душанбе, соли 1958, № 12, саҳ. 111—120.