Jump to content

Ноҳияи Шуғнон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шуғнон)
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Шуғнон
Ноҳияи Шуғнон
37°21′00″ с. ш. 71°42′56″ в. д.HGЯO
Кишвар Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 1 шаҳрак, 7 ҷамоати деҳот
Маркази маъмурӣ Ваҳдат
Роҳбар Ҷумъа Ҷумъазода
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябри 1932
Масоҳат 5000 км²
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 39 500[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ, забонҳои бадахшонӣшуғнӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа SH
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.SH
Коди телефон +992 355
Нишонаи почта 736100
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
Ноҳияи Шуғнон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Пули дусти миёни Парчами Афғонистон Афғонистону Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон бар фарози рӯди Панҷ, дар мантиқаи Шуғнон-шуғнан!
Намои зебо аз рӯди Панҷ, ва марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар матиқаи Шуғнони ду тараф.

Ноҳияи Шуғнон (форсӣ: ناحیۀ شغنان‎, шуғ. Xuɣ̌nůn noiya) - яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Шуғнон рустои Ваҳдат аст, ки 15 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад.

Ноҳияи Шуғнон дар миёни қаторкӯҳҳои Рӯшон ва Шуғнон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Рӯшон, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва дар ғарб бо рӯди Панҷ ва Ноҳияи Шиғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шарқи ноҳияи Шуғнон ба ғарби он рӯди Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.

Ноҳияи Шуғнон ҳудудан 5000 км² масоҳат дорад.

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Шуғнон 35 800 нафар зиндагӣ мекунад.[3] Мардуми Шуғнон ба забони шуғнӣ сухан мегӯянд.

Сол 1992 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
32,6 34,8 35,1 35,4 35,8 36,2 36,6 37,1 37,7 38,0 39,2 39,5

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Шуғнону Рӯшон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (форсӣ: شغنان‎) ном доштаанд.[4]

Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Шуғнон сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ва вулусволии афғонии Шуғнон (форсӣ: شغنان‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Шуғнон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[5]

Шуғнон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Поршинев менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Шуғнон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Шуғнону Роштқалъа як ноҳия буданд.

Бахшҳои идорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шуғнон 7 ҷамоат дорад[6]

Ҷамоатҳои ноҳияи Шуғнон
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Ванқалъа 5165 Ванқалъа (деҳа, н. Шуғнон), Абуалӣ Сино (деҳа), Баччор, Варшез, Миёнакӯҳ, Миёнашаҳр, Оқмамад, Патхур, Пиш (деҳа), Сардем, Шазуд, Ҷелондӣ, Кургантукуй, Морҷ, Оқталёқ, Роҳи нав
Вир 4690 Вир (деҳа, н. Шуғнон), Вуж, Гоз, Деҳмиёна, Зувор, Чарсем, Шитам
Дарморахт 2588 Нишусп, Барчадев, Гожак, Шичозг, Пиш
Навобод 5772 Навобод, Мун, Бугод, Вибист, Горҷвин, Ривак, Сижд, Турбат, Деҳбаста
Поршнев 7430 Ваҳдат, Бувед, Возм, Кушк (деҳа), Пашор, Сохчарв, Тем, Тишор, Хоса, Чируҷ
Сохчарв 2452 Сохчарв, Барёмҷ, Бунӣ, Дирёмҷ, Зевар Дашт, Чошткандез
Сучон 7344 Манем, Колхозобод, Барсем, Бидурд, Боғев, Вошневдашт, Питоб, Рож, Сангов, Спинз, Танг, Шивроҷ
Тақсимоти идории ВМКБ

Сарвари ноҳияи Шуғнон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шуғнон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шуғнон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 27 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  4. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  5. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  6. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.