Қурбон Норов
Қурбон Норов | |
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | , ноҳияи Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Қурбон Норов (тав. 10.10.1948, ноҳияи Истаравшан), риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1999), дотсент (2001).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1966– 1970 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1970–1976 ассистенти кафедраи анализи математикии донишкадаи номбурда, 1976–1979 аспиранти Донишгоҳи ш. Бокуи ҶШС Озарбойҷон, 1979–1980 муаллими кафедраи анализи математикии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1980–1990 муаллими фанни математикаи мактаби миёнаи № 53 ш. Душанбе, 1990– 1995 мудири кабинети Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1995–2000 муаллими калони кафедраи геометрия, ҳамзамон 1996–2001 муовини декани факултети математика, 2000–2002 дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математика, 2002–2004 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети математика, 2004–2008 декани факултети математика, 2008–2009 мудири кафедраи геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2009 ҳамчун дотсенти кафедраи геометрияи донишгоҳи мазкур кор мекунад. Оид ба баъзе ҳалҳои аниқи муодилаҳои аналитикӣ, интегралҳои сингулярӣ, соҳаҳои гуногуни анализи математикӣ ва методикаи таълими математика кори илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геометрия дар ҳамворӣ (Дастури таълимӣ), Д., 2009;
- Математика 1 (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010;
- Математика 2 (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010;
- Математика 1. Роҳнамои омӯзгор (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010;
- Математика 2. Роҳнамои омӯзгор (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010;
- Ҳалли масъалаҳои математикаи синфи 6 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 10 октябр
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони , ноҳияи Истаравшан
- Номзадҳои улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон