Қутбнамои гардишсанҷ
Парвандаҳо дар Викианбор |
Қутбнамои гардишсанҷ, гироқутбнамо, гирокомпас — нишондиҳандаи механикии самти меридиани ҳақиқӣ (ҷуғрофиёӣ), ки барои муайян намудани самти объект ва азимути самти зарурӣ таъйин гардидааст.
Тарзи кори қутбнамои гардишсанҷ ба хосиятҳои гироскоп ва ҳаракати шаборӯзии Замин асос ёфтааст; ақидаи сохти қутбнамои гардишсанҷро олими фаронсавӣ Фуко пешниҳод карда буд. қутбнамои гардишсанҷи Фуко гироскопи ғайристатикии дудараҷагӣ аст, ки меҳвари он дар ҳамвории уфуқ ҳаракат карда, ба туфайли пайдо гардидани моменти гироскопӣ, ки дар натиҷаи гардиши Замин ба вуҷуд меояд, кӯшиши бо ҳамвории меридиан якҷо шудан менамояд. Қутбнамои гардишсанҷи Фуко дар объектҳои мутаҳаррик, ки ба лапиш таъсирпазиранд, истифода нашуд, вале ақидаи ӯро оид ба таҳияи сохти баъзе навъҳои қутбнамои гардишсанҷи рӯизаминӣ истифода бурдаанд. Дар объектҳои мутаҳаррик қутбнамои гардишсанҷҳои як ва дуроторӣ, ки ба сохти гироскопҳои седараҷагӣ асос ёфтаанд, корбаст мегарданд. Қутбнамоҳои гардишсанҷро дар киштиронӣ ва техникаи мушаксозӣ васеъ истифода мебаранд. Навъи дигари қутбнамои гардишсанҷ гироуфуққутбнамо аст, ки самти ҳаракати киштӣ ва тамоюли кунҷҳои онро нисбат ба ҳамвории уфуқ муайян мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гироқутбнамо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.