Қӯштеппа (наҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қӯштеппа)
Қӯштеппа
Нигора
Ҳавзаи обрез Амударё
Масрафи об 650 cubic metre per second
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Ҷӯзҷон, Вилояти Фориёб ва вилояти Балх
Дарозӣ
  • 285 км
 Парвандаҳо дар Викианбор

Наҳри Қӯштеппа (форсӣ: کانال قوش‌تپه‎) — яке аз бузургтарин каналҳои интиқоли оби Афғонистон ва минтақа аст, ки барои интиқоли оби рӯдхонаи Омударё сохта мешавад.

Мушаххасот[вироиш | вироиши манбаъ]

Қӯштеппа 285 километр тӯл, 108 метр арз ва 8٫5 метр умқ дорад ва нуқтаи шурӯъи он аз вулусволӣ (ноҳия)-и Калдор дар вилояти Балх аст ва обро то ноҳияи Андхӯйи вилояти Форёб мунтақил мекунад[1].[2] Ин канал бо ҳадафи обёрии 550 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар тӯли масир сохта мешавад. Канали Қӯштеппа зарфияти интиқоли 650 метри мукааб об бар сонияро дорад, ки бад-ин тартиб, метавонад солона ҳаддиаксар дар ҳудуди 20٫5 миллиард метри мукааб оби Омударёро мунтақил намояд, ки ин мизони баробар бо 29 % оварди оби солонаи ин рӯд аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ тавофуқномае барои тақсими оби Омударё бо Афғонистон надоранд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Лоиҳаи канали Қӯштеппа дар замони ҳокимияти Муҳаммад Довудхон бар Афғонистон ва байни солҳои 1973 то 1978 тарроҳӣ шуд, вале ба далели ҷанг ва бесуботӣ амалӣ нашуд, то инки дар соли 2023 кори сохти он шурӯъ шуд. Дар тарҳи аввалия дар замони Муҳаммад Довудхон қарор буда ҳар 43 километри ин канал дар як сол сохта шавад.

Дар соли 2018 ширкати амрикоии aecom тарроҳӣ ва имконсанҷии канали Қӯштеппаро ниҳоӣ намуд, вале то поёни суқути давлати Ашраф Ғанӣ мақомоти давлатӣ рағбате барои оғози эҳдоси канали бузурги обёрии Қӯштеппа нишон надоданд.

Мавқеияти канал бар рӯйи Омударё[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин канали об ба рӯдхонаи Омударё васл мешавад, ки ин рӯдхона аз риштакӯҳи Помир сарчашма гирифта ва ҳудуди 1126 километр аз он дар қисмати марзҳои шимолии Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ва аз муҷовирати вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Қундуз, Балх, Ҷузҷон, Форёб, Бодғис ва Ҳирот ҷараён дорад. Омударё аз пуробтарин рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ба тавре ки қисматҳое аз он низ қобили киштиронӣ буда ва аз тариқи соҳилҳои бандарҳои Шерхон ва Ҳайратон бисёре аз молҳои содиротӣ ё воридотии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодила мегардад. Ин рӯдхона ба унвони як рӯдхонаи байналмилалӣ, марзи табиии муштарак миёни Афғонистон бо чаҳор ҳамсояи шимолӣ қаламдод мешавад.

Паёмадҳо ва нигарониҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди канали Қӯштеппа[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо таваҷҷуҳ ба ҳадафи канал барои эҷоди садҳо ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар шимоли Афғонистон, нигарониҳое дар мавриди тағйири ҷамъият ва кӯчҳои густурдаи ақвоми ғайрбумӣ ба шимоли Афғонистон эҷод шудааст. Дар ин маврид кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигаронии худ аз интиқолу ҳузури ҳазорон нафар аз аъзои таҳрики толибони Покистон дар вилояти Балх ва шимоли Афғонистон ва тақвияти густурдаи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ҷунбиши исломии Узбакистон, Ҷунбиши исломии Туркистон шарқӣ ва Ҷамоати Ансоруллоҳро иброз кардаанд[3].

Коршиносон бими он доранд, ки бо баҳрабардорӣ аз канали Қӯштеппа, вазъияти ҳавзаи обрези Омударё шадидан осеб бубинад. Ин дар ҳоле аст, ки дар солҳои охир ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас камбуди обро эҳсос мекунанд. Поиноби ин ҳавза, яъне Узбакистон ва Туркманистон мумкин аст бештарини осебро бубинанд. Илова бар канали Қӯштеппа, давлати Афғонистон дар ин ҳавзаи обрез қасди сохти як сад бар рӯйи рӯди Панҷро дорад.

Иҷрои ин ду лоиҳа натанҳо мумкин аст мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Узбакистон ва Туркманистонро дар пай дошта бошад, балки мумкин аст як фоҷиаи зистмуҳитӣ дар саросари Осиёи Марказӣ дар пай дошта бошад. Омударё натанҳо сарчашмаи аслии баҳри хушкшудаи Арал буда, балки барои дигар рӯдҳо низ ҳаст. Ин хатар вуҷуд дорад, ки рӯдхона аслан ба даҳонаи Арал нарасад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]