Jump to content

Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ

Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ (15 марти 1945, деҳаи Ховалинг, ноҳияи Восеъ — 8 июни 1980, ҶШС Тоҷикистон) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ 15 марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ зода шудааст. Соли 1966 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ходими адабӣ будааст. Соли 1973 Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкий Маскавро хатм кардааст. Ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият», Масъули Шӯрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Қатраи борон» (1966), «Дунёи ҷавонӣ» (1971), «Рози дарё» (1974), «Дидори орзуҳо» (1979), «Обшори офтоб» (1981), «Чилчанор» (1982) ва ғайра мебошад. Пас аз маргаш китобҳои «Зи нав зинда шавем…» (1995)-и ӯ чоп шудаанд.

Дар Маскав китобҳои ӯ «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) ба чоп расидаанд.

Ашъори алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, И. Гёте, П. Шиллер, А. Блок, Ю. Марсинкявичюс, И. Зиёдонис, фоҷиаи Эврепид «Медея»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаҳояш дар баёзи «Армуғон» (1987) гирд омадаанд.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ӯ 8 июни соли 1980 дар садамаи нақлиёт аз олам даргузашт.

  • Қатраи борон: Маҷмӯа. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 24 с.
  • Дунёи ҷавонӣ: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 71 с.
  • Афсонаҳои дарё: Маҷмӯаи шерҳо. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 95 с.
  • Достони роҳ: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 112 с.
  • Обшори офтоб: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 160 с.
  • Чил чанор: Шеърҳо барои бачагони сини миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1982. – 47 с.
  • Зи нав зинда шавем…: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 368 с.
  • Адибони Тоҷикистон. — Душанбе: Адиб, 2014. — С. 249—250.