Jump to content

Ҳабси амвол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳабси амвол — ҳаракати тафтишотиест, ки бо мақсади таъмин намудани имконияти мусодираи амвол ва ё пардохти зарари аз ҷиноят расонидашуда аз тарафи муфаттиш ба амал бароварда шуда, моҳияташ аз он иборат аст, ки амволи гумонбаршаванда ё айбдоршаванда ба ҳабс гирифта мешавад. Соҳибмулки он ҳуқуқи ихтиёрдориро муваққатан аз даст медиҳад. Дар ҳолати ҳабси пули баамонатгузошташуда нисбати он ҳама гуна муомилот қатъ мегардад. Ҳабс ба молу мулки айбдоршаванда, гумонбар ва ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдори онҳо ҷавобгарии моддӣ мебаранд ва ё дигар шахсоне, ки молу мулки бо роҳи ҷинояткорона ба даст овардашуда дар соҳибии онҳост, гузошта мешавад. Ба он ашёе, ки ба худи айбдоршаванда ва ё шахсони дар таъминоти ӯ буда заруранд, ҳабс гузошта намешавад. Рӯйхати ин гуна ашёро қонунгузории ҶГ муайян намудааст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 503