Jump to content

Апостолҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳавориюн)
12 апостол.

Апостолҳо (юн.-қад. ἀπόστολος — фиристода, фиристодашуда — ва «фиристодан») — дар масеҳият 12 нафар наздиктарин шогирдони Исои Масеҳ, ки нахустин ҷамоати насрониро таъсис дода буданд.

Апостолҳо даъват шуда буданд, ки барои тамоми мардуми олам дар бораи Наҷотдиҳанда башорат ва оид ба корномаҳову мӯъҷизоташ (ҳар чӣ дидаанду шунидаанд) шаҳодат диҳанд. Дар Аҳди Ҷадид, Инҷил Апостолҳоро ба-д-ин тартиб овардаанд: бародарон Петр ва Андрей, бародарон Иаков (аршад) ва Иоанн Богослов, Филипп, Варфоломей, Левий Матфей, Фома, Иаков Алфей, Фаддей, Симон, Зилот ва Иуда Искариот. Дар адабиёти масеҳии ибтидоӣ мубаллиғони масеҳият А. ёд шудаанд.

  • Левинская И. А., Деяния апостолов, М., 1999.