Ҳазрати Исо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вай Масеҳ, Исо ибни Марям (а), охирин паёмбар аз паёмбарони Бани Исроил аст. Номи эшон Исо ва лақабашон Масеҳ мебошад. Ба ӯ Ибни Марям низ гуфта мешавад, ки ин ном баргирифта аз номи модараш Марям духтари Имрон аст. Вай фақат аз як модар ба дунё омад ва падаре надошт. Дар Қуръони Карим дар бораи ӯ чунин омадааст:

« Масеҳ фарзанди Марям, фақат фиристода (-и Худо) буд. Пеш аз вай низ, фиристодагони дигаре буданд. Модараш, зани бисёр ростгӯе буд».
»
« Ва ҳамчунин ба Марям духтари Имрон, ки доманҳои худро пок нигаҳ дошт ва мо аз рӯҳи худ дар он дамидем, ӯ калимоти Парвардигор ва китобҳояшро тасдиқ кард ва аз пайравони фармони Худо буд.
»

Имрон падари Марям назди Бани Исроил шахсияти бузурге буд. Ҳамсараш нозо буд ва синни худи ӯ рӯ ба фузунӣ ниҳода дар ҳоле ки ҳанӯз соҳиби фарзанде набуд. Ӯ дар ниёиши худ аз Худованд дархост намуд, то фарзанди писаре ба ӯ ато кунад ва назре карда буд, ки он фарзандро вақфи ибодати Худованд ва хидмат ба хонаи Худо (Байт-ул-муқаддас) намояд. Худованд дуои ӯро мустаҷоб кард, аммо фарзанде, ки ба дунё омад духтар буд, ки Марям ном гирифт. Ҳамсари Имрон пас аз таваллуди Марям дуо кард, то Худованд ин духтарро ҳифз намояд ва фарзандони ӯро аз васвасаҳои шайтон дар амон нигаҳ дорад. Калимаи «Масеҳ» чунон чӣ муфассирон гуфтаанд, бинобар эҳтимоли бештар ба маънои «муқарраб» ё «муборак» (хуҷаста) ё «малак» (фаришта) аст. Ин масъала дар Қуръон чунин бозгӯ шудааст:

« Чунин буд, ки фариштагон гуфтанд: Эй Марям! Худованд туро ба калимае (вуҷуд ё азамате) аз тарафи худаш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ Исо писари Марям аст.
»

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

http://www.bayynattj.com/index.php/1-93/1-119/469-1360 Бойгонӣ шудааст 18 апрели 2016  сол.