Jump to content

Ҳайдари Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайдари Шерозӣ
форсӣ: حیدر شیرازی
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Ҳайдари Шерозӣ (форсӣ: حیدر شیرازی‎) — яке аз шоирони ҳамзамони Хоҷӯи Кирмонӣ ва рақиби вай буда, ба ҳокими замон Абӯсаид надим ва дӯст будааст. Пас аз даргузашти Абӯсаид (с.1335) Ҳайдар ба Шероз, ба дарбори Абӯисҳоқи Инҷу (13411353) кӯчида меояд.

Аз Ҳайдари Шерозӣ девоне боқӣ мондааст, ки дар он якчанд қасида ва мадҳияҳое дар ситоиши сулолаи Музаффариён, ғазалиёт ва ҳаҷвияю қитъаҳо мавҷуд аст.

Аз ғазалиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Набошад дар ҷаҳон ҷамчун ту ёре,
Бути сангиндиле, симинузоре
Суманбӯе, ба кад сарви баланде,
Гуландоме, ба рух рашки баҳоре.
Рақибаи хору ӯ гулбарги хандон,
Маломат мекашам аз дасти хоре.
Ба тарки ихтиёри хеш кардам,
Ки аз ошиқ набошад ихтиёре.
Муҳаққақ ҷон барафшонам зи ғайрат,
Чу бинам бар гули рӯяш ғуборе.
Канораш дар миён гирам ба мастӣ,
Миёнаш гар бубинам дар каноре.
Агар Ҳайдар сухан гӯяд зи лаълаш,
Кунам дар гӯши ҷон чун гӯшворе.