Ҳаким Ахмедов
Ҳаким Ахмедов | |
Ҳаким Мунавварович Ахмедов | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Фазои илмӣ: |
академик,олим |
Ҳаким Ахмедов - олим, кимиёшинос, доктори илми химия (1998). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008).
Зиндагинома[вироиш]
Ҳаким Ахмедов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1971), ихтисос – «энергетика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химия ва физикаи нимноќилҳои органикӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия. Ходими хурд, калони илмии Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умаров Академияи илмҳои Тоҷикистон (1972-1990), котиби илмии Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия ва геология (1990-1995), муовини саркотиби илмии Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон (1995-2000), саркотиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001-2014). Аъзои Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз с. 2014).[1][2]
Мукофот[вироиш]
Бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005) тақдир шудааст.
Манобеъ[вироиш]
- ↑ Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951
- ↑ Аъзои раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Мақолаҳои нопурра, ниёзманди аниқсозии шаблон