Ҳаким Ғаюров
Ғаюров Ҳаким Шарифович | |
Таърихи таваллуд | 30 август 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физик, риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2016) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии ба номи В,И, Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1982-1989) |
Ҷоизаҳо | Медали “Хидмати Шоиста ”(2019), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012) |
Ҳаким Ғаюров (Ғаюров Ҳаким Шарифович; 30 августи 1964, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод) — номзади илмҳои физика ва математика, дотсент (2016). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаюров Ҳаким Шарифович 30 августи соли 1964 дар деҳаи Шашкати, ноҳияи Панҷакент чашм ба олами ҳасти кушодааст. Солҳои 1971—1981 мактаби миёнаи рақами № 41- и деҳаро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ҳангоми мактабхонӣ дар синфҳои 8-ум, 9-ум ва 10-ум дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои математика ва физика иштирок намуда, соҳиби се медали нуқра (ҷои дуюм) ва ду медали биринҷӣ (ҷои сеюм) гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳои худро ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ) супорида, соҳиби унвони донишҷӯ гардидааст. Онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1989 ҳуҷҷатҳои худро ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти кайҳонии назди АУФР супорида соли 1993 хатм намудааст. Аз соли 1993 сар карда фаъолияти кории худро дар ҳайси сармуаллим ва баъдтар дотсенти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ) давом додааст. Аз оғози соли 2003 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири кафедра, баъдан муовини декан оид ба тарбия ва таълими факултети бизнес ва баҳисобгирӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2008—2012 вазифаи декани факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат ва аз моҳи январи 2013 то декабри соли 2017 вазифаи декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия аз моҳи декабри 2017 то имрӯз дар вазифаи муовини ректор оид ба таълим фаъолият бурда истодааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи июни соли 1993 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Некоторые вопросы теории релаксации разрежённых потоков быстрых частиц в неоднородной среде» таҳти роҳбарии д.и.ф.м., профессор Ерохин Н. С., дар Шӯрои дифои Донишгоҳи дӯстии халҳо ба номи Патрис Лумумбаи шаҳри Москва ҳимоя намудааст. Самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Ғаюров Ҳ.Ш., асосан физикаи зарраҳои элементарӣ, татбиқи зарраҳои бунёдӣ дар кайҳон, ҳодисаҳои гузариши зарраҳои бунёди дар фазои ғайриякҷинса, татбиқи усулҳои моделиронӣ ва ҳисобии техникаи ҳисоббарор ва татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ба ҳисоб рафта, чандин мақолаҳои илмии ӯ дар маҷалаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар давлатҳои Россия, Украина, Олмон, Амрико ва Ҷопон ба табъ расидаанд. Айни замон бо Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010—2020 ва Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011—2015 корҳои илмиро пеш бурда, дар чандин конференсияҳои байналхалқӣ (Россия, Қазоқистон, Украина Олмон ва Маҷористон) фишурдаи корҳои илмӣ — татқиқотиашро аз чоп баровардааст. Дар замина тадқиқоти гузаронидашуда таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар унвонҷӯ, 4- нафар доктрантони PHD -и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои илмии худро дар ҳолати омодашавӣ ва дифоъ қарор доранд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дотсент Ҳаким Ғаюров дорои асару мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои таълимӣ мебошанд.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Механика, (дастури методӣ оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ), ДДТ. Душанбе, 1993. — 70 саҳ.
- Вопросы теории релаксации разрежённых потоков быстрых частиц в неоднородной среде. Монография. Душанбе, ТГНУ, 2007. — 230 стр.
- VBA дар MS EXCEL (дастури методӣ), Хуҷанд, «Ношир», 2008. — 190 саҳ
- Забони QBasic (дастури методӣ), Хуҷанд, «Ношир», 2009. — 220 саҳ.
- Информатика (китоби дарсӣ бо қарори мушовараи ВМИҶТ), Хуҷанд, «Р. Ҷалил», 2013. — 230 саҳ.
- Вопросы теории релаксациии и распространения электромагнитных волн в неоднородной среде. Монография. Худжанд, Ношир, 2015. — 250 стр.
- Физика (КТМ, бо ҷарори мушовараи ВМИҶТ), Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2015. — 250 саҳ.
- Асосҳои WEB-дизайн, (бо қарори мушовараи ВМИҶТ) Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. — 310 саҳ.
- Технологияи информатсионӣ, (КТМ), Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. — 320 саҳ.
- Технологияҳои шабакавӣ (КТМ), Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. — 210 саҳ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Рисолаи номзади дар мавзӯъи «Некоторые вопросы теории релаксации разреженных потоков быстрых заряженных частиц»
- Гаюров Х. Ш.. в электронной библиотеке
- Физико-математические науки — Известные ученые Гаюров Хаким Шарифович 63.
- Ғаюров Ҳаким Шарифович — муовини ректор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Бойгонӣ шудааст 25 Декабри 2019 сол.