Ҳалвои тар аз шарбати тарбуз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳалвои тар аз шарбати тарбуз - як навъ ҳалвои суннатии тоҷикӣ. Тарзи тайёр кардани он Дилаи тарбузро аз донаҳояш тоза карда, хурд-хурд бурида ба дег андохта, то ғафс шуданаш меҷӯшонанд, ки ранги он қаҳвагӣ ва таъмаш ширин мегардад. Ордро таф дода ба рӯи шарбати тарбуз мерезанд ва то 3-5 дақиқа меҷӯшонанд. Ҳалвои тарро ба табақчаҳо кашида, ба рӯяш мағзи бодом, писта ё чормағз мепошанд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. – Душанбе: Озар, 2004. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001; Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969; Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). - Душанбе, 2015