Ҳалим Ёров
Таърихи таваллуд | 1 сентябр 1946 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Зосун, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 20 июн 2013 (66 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1998) |
Ҳалим Ёров (1 сентябри 1946, деҳаи Зосун, ноҳияи Айнӣ — 20 июни 2013, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1967 Институти педагогии Хуҷандро ба поин оварда, се сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон чун овозхон фаъолият доштааст. Солҳои 1970—1972 директори хонаи маданияти ноҳияи Айнӣ, 1972—1982 муовини директор, аз 1982 то 2009 директори мактаби деҳаи Зоосуни ҳамин ноҳия буд. Солиён ба корҳои мактабу маориф шуғл варзид, лек лаҳзае аз мусиқӣ канор наҷустааст, сурудхонӣ мӯҷиби маҳбубияти фарогираш гардид. Бо садои гиро вазну оҳанги суханро бо дарунмояаш ба ҳам пайванд мезад, дар интиқоли рӯҳи шеър ба шунаванда комёб мешуд.
Сурудаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]«Ноз макун», «Суруди бахт», «Кошки», «Иди мо», «Боғи муродам», «Комсомол», «Ба Ватан», «Рӯди Сир», «Нури Ленин», «Ба ҳасрат меравам», «Биё», «Хоҳаракам», «Ҷон», «Ишқи гумкарда», «Бахт чист», «Ишқи Дилшод», «Зимистон», «Нома фиристод» барин таронаҳояш мавриди истиқболи фаровони ҳаводорони мусиқӣ қарор гирифтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.