Jump to content

Ҳамадон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Ҳамадон
همدان
Кишвар Эрон
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 850 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 528,261 (2006) тан
Забони расмӣ форсӣ *
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0813

hamedan.ir
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳамадон (порсӣ: همدان , курдӣ: Ekbetan) — шаҳрест дар устони Ҳамадон, Эрон аст. Шумори аҳолии ин шаҳр дар саршумории соли 1996, 401,281 тан будааст ва дар соли 2006, 528,261 тан баровард мешавад.

Бародаршаҳрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон бо шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон бародаршаҳранд. Тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ 20 Марти соли 2001 дар чаҳорчуби ҳамкориҳои ин ду шаҳр ба имзо расида аст. Дар доираи ин тафоҳумнома як зумраи корҳо ба анҷом расиданд. Чунончи як гуруҳи мутахассисини кӯлоби моҳи сентябр-октябри соли 2001 ба шаҳри Ҳамадон сафар карданд. Дар ин сафар онҳо бо вазьи иқтисодӣ-иҷтимоии сокинони шаҳри Ҳамадон ошно гашта, аз амкони таьрихӣ ва муқаддаси ин шаҳри бостонӣ зиёрат карданд. Моҳи Марти соли 2002 гуруҳи варзишгарони Ҳамадони ба Кӯлоб ташриф оварда дар чанд риштаҳои варзиш қувваозмоӣ карданд. Дар моҳи апрели соли 2003 бошад ташрифи ҷавобии варзишгарони Кӯлоби ба шаҳри Ҳамадон сурат гирифт. Ба хотири бародаршаҳри дар шаҳри Кӯлоб яке аз хиёбонҳои шаҳр ба номи Ҳамадон номгузорӣ гашта, Хонаи Ҳамадон бунёд ёфт. Дар Ҳамадони Эрон бошад чунин як хиёбон номи Кӯлобро гирифта ва низ Хонаи Кӯлоб таъсис ёфт.


Шаҳрҳои устони Ҳамадон
Асадобод | Баҳор | Кабудроҳанг | Малойир | Наҳованд | Разан | Туйсиркон | Ҳамадон