Ҳамдуллоҳи Муставфӣ
Таърихи таваллуд | 1281[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1339[2] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ (форсӣ: حَمْدُاللهِ مُسْتوفی قَزْوینی; 1281[1], Қазвин, Элхониён[d][1] — 1339[2], Қазвин[1]) — таърихнигор, адиб, нависанда ҷуғрофиёдони форс-тоҷик, муаллифи «Зафарнома», «Таърихи гузида» ва «Нузҳату-л-қулуб».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи муставфӣ (ҳисобдори молиёти кишвар). Ӯ баробари корҳои маъмурӣ илмҳои таърих, адабиёт, ҷуғрофиёи форс-точикро омӯхта, аз худ осори пурқимат боқӣ гузоштааст. Муставфии Қазвинӣ солҳои 1334—1335 ба услуби «Шоҳнома» иборат аз 75 ҳазор байт «Зафарнома»-е таълиф намуд. Асар аз се қисм иборат буда, қисми 1 он ба таърих ва юришу истилои араб, қисми 2 он ба таърихи кишвар Эрон оид аст. Қисми 3 асар 30 ҳазор байтро дар бар гирифта, таърихи муғулҳоро то давраи ҳукмронии султони Ҳалокуиён Абӯсаид инъикос мекунад. Муставфии Қазвинӣ инчунин муаллифи «Таърихи гузида» ва «Нузҳату-л-қулуб» мебошад. Ӯ дар рушди забони адабии форсӣ, махсусан истилоҳоти фаннии он хидмати шоистае кардааст[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 https://iranicaonline.org/articles/hamd-allah-mostawfi
- ↑ 2.0 2.1 http://www.mcnbiografias.com/app-bio/do/show?key=hamd-allah-mostawfi
- ↑ Муставфии Қазвинӣ / Т. Муҳиддинов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).