Таърихи гузида
Унвони мақола | форсӣ: تاریخ گزیدہ |
---|---|
Мавзӯъи аслӣ | таърихи ислом[d] |
Нависанда | Ҳамдуллоҳи Муставфӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
«Таърихи гузида» (форсӣ: تاریخ گزیده) — асари таърихии ҷуғрофидон, муаррихи форс-тоҷик Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, ки солҳои 1329—1330 ба забонӣ форсӣ таълиф шудааст.
Муҳтаво
[вироиш | вироиши манбаъ]«Таърихи гузида» ба ҳукмрони ҳамонвақта Хоҷа Ғиёсуддин Маҳмуд — писари Рашиддудин Фазлуллоҳ бахшида шудааст. Китоб аз муқаддима, шаш боб, ки ҳар боб чанд фасл дорад ва хотима иборат аст.
Бобҳои алоҳидаи асар ба таърихи пайғамбарону уламои дини ислом подшоҳони тоисломии Эрон, таърихи Муҳаммад, таърихи сулолаҳои подшоҳону ҳукмронони Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Ғуриён, Дайламӣ, Хоразмшоҳиён, Атобакӣ, Исмоил, Қарахонии Кармина, ҳокимони Лур, муғулҳо, шарҳи ҳоли олимолу донишмандон, шайхону шоирон оид аст. Дар боби шашум муаллиф аз воқеаҳои шаҳри Қазвин ва тарафи арабҳо истило шудани ин шаҳр ва дини исломро қабул кардани аҳолии он, аз сохтмонҳо, дарёҳо, молаҷот, масҷиду мадрасаҳо, одамони машҳур, ҳокимон, қабилаҳои номдори Қазвин маълумоти муфассал медиҳад.
«Таърихи гузида» барои омӯхтани воқеаҳон асрҳои XIII—XIV аз сарчашмаҳои боэътимод мебошад, зеро муаллиф бештар воқеаҳоро тасвир мекунад, ки худ шоҳиди он будааст, ё аз шахси боэътимод шунидааст[1].
Муаллифи «Таърихи гузида» дар навиштани он ба «Ҷомеъу-т-таворих» ва дигар асарҳои таърихӣ пайравӣ кардааст. «Таърихи гузида» дар Лондон (1910), Теҳрон (1960) нашр ва ба забонҳои туркӣ, фаронсавӣ ва русӣ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таърихи гузида / У. Тоиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).