Jump to content

Ҳамидуллохон Фақеров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳамидуллохон Фақеров
Таърихи таваллуд 1959(1959)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқӣ доир ба омӯзиши талаботҳои аҳолӣ ва вазъи савдои дар Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Маҷлиси Олии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот (2007)

Ҳамидуллохон Фақеров (Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович; 1959) — доктори илмҳои иқтисод, профессор (2004). Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аз соли 2017)[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамидуллохон Фақеров соли 1959 ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, тахассуси «Иқтисоди савдо»-ро бо дипломи аъло хатм намудааст. Дар рафъи садамаи Чернобил ҳамчун хизматчии ҳарбӣ иштирок кардааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кории мутахассиси ҷавон аз иқтисодчии филиали душанбегии Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқӣ доир ба омӯзиши талаботҳои аҳолӣ ва вазъи савдои дар Тоҷикистон воқеъ буда, огоз шудааст. Солҳои 1986—1987 ҳамчун ходими калони шуъбаи ояндабинии талаботи аҳолӣ ва вазъи савдо адои вазифа кардааст.

Фаъолияти кории Ҳамидуллохон Фақеров аз соли 1992 то имрӯз бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайваст мебошад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои гуногун — муаллими калон, ҷонишини декани факултаи «Менеҷмент ва ҳисобдорӣ», декани факултаи «Иқтисодию менеҷмент ва баҳисобгирӣ» ва «Омӯзиши ғоибона», муовини аввали ректор оид ба таълим фаъолият намуда, аз октябри соли 2000 то соли 2009 вазифаи ректори донишгоҳро ба уҳда дошт. Ҳамидуллохон Фақеров раиси комиссияи экспертии назди Кумитаи Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисодиёт, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ дар назди ДДТТ, собиқ раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва узви Клуби ректорони макотиби олии Аврупо ва аъзои коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамидуллохон Фақеров дар вазифаи муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 2012 сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Аз соли 2017 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1989 дар мавзӯи «Ояндабинии равнақи шабакаҳои чаканафурӯшӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илми иқтисод гардидааст. Аввалин маҳсули илмиаш, ки «Аҳамияти омӯзиши пешгӯиҳо дар ташаккули нақшагирии шабакаҳои савдои чакана» мебошад, соли 1984 ба табъ расидааст. Рисолаю мақолаҳои «Методологияи пешгӯиҳои дарозмуддат дар шабакаҳои савдо», «Равандҳои бунёдсозии низоми нишондиҳандаҳои дурнамои инкишофи шабакаи савдо», «Консепсияҳои инкишофи тичорати молҳои алоҳидаи истеъмолӣ дар Тоҷикистон» ва ғайраҳо дар соҳаи тиҷорат андешаи нав буда, дорои аҳамияти калони назариявию амалианд.

Инчунин асарҳои «Назария ва амалияи ташаккули зерсохторҳои бозори истеъмолӣ», «Бозори истеъмолй: масоили танзимкунӣ», натичаи таҳлили дақиқназарона буда, дар онҳо масъалаҳои танзими бозори истеъмолот аз мавқеи зарурияти мутобиқсозии талаботу пешниҳод, масъалаи равшаннамоии сарҳад, усул ва шаклҳои он, аз ҷониби давлат ба танзим даровардани даромади аҳолӣ, ҳамчун асоси ташаккул ва такмилсозии зерсохторҳои бозори истеъмолӣ дақиқназарона таҳлилу тадқиқ шудаанд.

Профессор Фақеров Ҳ.Н. бо ҳаммуаллифии олимони соҳаи иқтисод якчанд асарҳои илмию методии пурарзиш низ офаридааст. Натиҷаи ҷустуҷӯиҳои чандинсолаи илмӣ имконият дод, ки соли 2004 дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новособирск дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори истеъмолии Тоҷикистон» рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намояд.

Баъди дифои рисолаи докторӣ пурмаҳсул кор карда, дар мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз ҷумла: истифодаи сарватҳои меҳнатӣ, шуғлнокӣ ва сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо мавзӯъҳои мубрами рӯз, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои пурарзише офаридааст. Ҳамаи ин хидматҳои арзанда натиҷаи он гашт, ки ӯ соли 2004 ба гирифтани унвони профессори кафедраи «Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ» -и донишгоҳ мушарраф гашт.

Дар даҳҳо конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои иқтисодӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, илми иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Фаъолияти гуногунҷабҳаи Ҳамидуллохон Фақеров ҳамчун ташкилотчии моҳири соҳаи маориф, устоди барҷаста дар соҳаи таълиму тарбия ва навовар дар ҷодаи илму маориф соли 2000 бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва соли 2007 бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот қадрдонӣ карда шуд.

  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин намудани Фақеров Ҳ.Н.(тоҷ.). Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.president.tj. 19 Декабри 2017 санҷида шуд.