Jump to content

Ҳамид Обидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳамид Обидӣ

Ҳамид Обидӣ - шоир, рӯзноманигори тоҷик. Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамид Обидӣ соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Аз соли 1924 дар хонаи бачагон парвариш ёфтааст. Соли 1928 муҳассили Донишкадаи муаллимини Тошканд шуда, баъди хатми он моҳи майи соли 1930, ба Душанбе омадааст. Дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Барои маорифи коммунистӣ», «Тоҷикистони Сурх», «Васияти Ленин», «Пионери Тоҷикистон», Нашриёти Саҳ 170 давлатии Тоҷикистон ва Трести совхозҳои ҷумҳурӣ кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1942 дар хидмати ҳарбӣ (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) буда, соли 1943 баъди захмӣ шудан, ба ватан баргаштааст. Муддате котиби КМ комсомоли ҷумҳурӣ ва муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» будааст. 15 марти соли 1948 аз олам даргузашт.

Фаъолияти эҷодияш аз соли 1932 сар шуда, нахустин шеъру ҳикояҳояш дар маҷмӯаҳои «Қадамҳои комсомол» (1933) ва «Садои мо» (1935) чоп шудаанд. Мақолаву очеркҳояш дар китоби «Тӯҳфа» (1938) фароҳам омадаанд. Соли 1939 драмаҳои «Пионер дар сарҳад» ва «Ғаюр» (дар ҳамқаламии А. Усмонов ва Б. Умарӣ)-ро ба қалам овардааст. Достонҳои «Писари партизан», «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ» ва «Депутатқаҳрамон»-аш солҳои ҷанг ба табъ расидаанд. Бо нишонҳои ҷангӣ ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 170 ISBN 978-99947-2-379-9