Ҳандасаи мутлақ
Ҳандасаи мутлақ (форсӣ: هندسهٔ مطلق) ё ҳандасаи бетараф — қисми ҳандасаи классикӣ буда, аксиомаҳои ҳандасаи Уқлидусро, ки ба постулати V–уми он вобаста нестанд, дар бар мегирад.
Ба ибораи дигар,ҳандасаи мутлақ қисми умумии ҳандасаи Уқлидус ва ҳандасаи Лобачевский мебошад. Истилоҳиҳандасаи мутлақ-ро соли 1832 олими маҷористонӣ Янош Боляй пешниҳод кардааст, ҳарчанд ки ӯ рамзҳои махсус таҳиякардаашро чунин номида буд (рамзҳое, ки барои дар як формула муттаҳид намудани ҳандасаи Уқлидус ва ҳандасаи Лобачевский имкон медиҳанд). 28 теоремаи аввали «Усул»-и Уқлидусро баҳандасаи мутлақ мансуб медонанд. Мас., дар секунҷаҳои баробарпаҳлу кунҷҳои назди асос баробаранд; ҳангоми ҳамдигарро буридани ду хатти рост кунҷҳои амудии байни онҳо ба ҳам баробаранд ва ғайра.
Азбаски постулати V-ум хусусиятҳои фазои якҷинсаро муайян мекунад, дарҳандасаи мутлақ мавҷуд набудани он чунин маъно дорад, ки метрикаи фазо муайян карда нашудааст ва аксар теоремаҳои ба андозагирӣ вобаста (мас., теоремаи Пифагор, эквивалентҳои зиёди постулати V) дар Г.м. исботнопазир мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геометрияи мутлақ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.